29-уми сентябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Зимни суҳбат сарварони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Сарварони давлатҳо, ҳамчунин, ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.