![]()
29-уми сентябр таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода шунида шуд.
Таъкид гашт, ки Барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия гардида, мақсади асосии он зиёд намудани азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалисозии Барнома имконият фароҳам мегардад, ки майдони 11800 гектар заминҳои нав аз худ ва 16750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ баргардонда шаванд.
Барнома баъди муҳокима қабул гардид.
Дастур дода шуд, ки сохторҳои давлатии масъул аз натиҷаи корҳо ва оид ба рафти иҷрои Барнома ва нақшаи чорабиниҳо ҳар сол ба Ҳукумати мамлакат маълумот диҳанд.
Сипас, дар бораи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 гузориши вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, дар бораи Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳамо Холмаҳмадзода ва дар бораи нақшаи амали Стратегияи рушди "иқтисоди сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм (солҳои 2026-2028) гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Зикр гашт, ки Стратегияи таҳсилоти фарогир барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла рафъи монеа ва маҳдудиятҳо дар гирифтани таҳсилот ва фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳаёти муътадили онҳо, мусоидат менамояд.
Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ бо мақсади тақвият бахшидани низоми тайёрии касбии аҳолии қобили меҳнат, рушди таълими касбии аҳолии қобили меҳнат ва омода намудани захираҳои меҳнатии ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар зарурӣ омода гардидааст.
Нақшаи амали Стратегияи рушди "иқтисоди сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм (солҳои 2026-2028) бошад, барои гузарондани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти "иқтисоди сабз" таҳия шудааст.
Баъди баррасӣ аз рӯи стратегияҳо ва нақшаи амали номбаршуда қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул гардида, шахсони масъул барои амалисозии саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳо гирифтанд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Нақшаи генералии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии стратегияҳо, нақшаҳои амал ва барномаҳои давлатии зимни маҷлис баррасишуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалии 2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.