Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ ҲАМРАДИФИ СУЛҲ


23-юми сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дигарбора таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳонӣ ҷалб намуданд. Аз ҷумла, ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим, мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва осебпазир, махсусан давлатҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ ишора шуд. Сарвари давлат зарурати дастгирии молиявӣ ва ҳамкории одилонаро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуданд.
Дар идома, Пешвои миллат ташаббусҳои навбатии Тоҷикистонро дар соҳаи об муаррифӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки кишварҳои аъзо дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва Конфронси байналмилалии «Раванди оби Душанбе» (соли 2026) саҳми фаъол дошта бошанд.
Ғайр аз ин, Сарвари давлат зарурати риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатиро таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ собит сохт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати фаъоли созанда дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад ва садои адолат, сулҳ ва ваҳдати онро ба ҷаҳониён мерасонад.

Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент”