Адабиёти замони истиқлоли тоҷик ба дӯши як даста адибони варзидае вогузор шудааст, ки онҳо бо таълифи осори манзуму мансури хеш дар таҳкими маънавиёти мардум нақши муҳиме гузошта, ҷиҳати раҳоии тамаддун ва фарҳанги миллиамон аз унсурҳои манфии ҷаҳонишавии муосир асарҳои дархӯри замони навро таълиф менамоянд. Асарҳое, ки мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист, тарзи ҳаёти солим, бархурди тамаддунҳо, эҳёи суннату анъанаҳои миллӣ ва ҳифзу нигаҳдошти онҳоро фаро мегиранд, маҳз ба хотири мондагории миллат дар саҳифаҳои таърихи минбаъда эҷод мегарданд.
Яке аз чунин муаллифони таърихсоз нависандаи чирадаст Маҷид Салим аст, ки бо офаридаҳои худ имрӯз дар адабиёт ба ҳайси адиби дорои сабку услуби хос пазируфта шудааст.
Дар китоби ӯ, ки «Аз пайи паланг» ном дорад, мо масоили дар боло зикргардидаро ба хубӣ эҳсос менамоем. Ҳикояи нахустини ин асар «Ҷангал» ном дорад. Муаллиф бо офаридани симои мӯсафеди Саид аз ҳар як фард даъват ба амал меорад, ки дар ҳифзи табиати диёри худ ва ҳайвоноту парандаҳои он ҳисси баланди шаҳрвандӣ нишон диҳанд ва бо дарки масъулият садди роҳи афроди ба олами табиат зараровар гарданд.
Маҷид Салим ҳамчун адиби баркамол забони ҳикояҳояшро бо истифода аз санъатҳои бадеии истиора, ташбеҳ, киноя, ташхис ва монанди инҳо оро дода, баҳри нишонрас гардидани андешааш олами ҳайвоноту парандаҳоро ба забон медарорад, онҳо ҳам мисли инсон андеша меронанд ва доир ба рафтори баъзе ашхоси зиёновар андешаҳои худро баён менамоянд. Масалан: «Долу дарахти шикастаю бурида, чашмаҳои хушкида. Паланги навомӯхт акнун сарфаҳм мерафт. Аз дур ба деҳае, ки дар поёноби қади дара ҷойгир буд, хеле нигаристу дар ҳайрат афтод. Аз он ки одамизод ин қадар бераҳму шафқат аст. Наход онҳо ба қадри ин дашту даман нарасанд». Дар ҷойи дигаре адиб мефармояд, ки одамон нисбати худ ин қадар бераҳманд, пас нисбати табиат онҳо чӣ андоза раҳму шафқат дошта бошанд?
Бо эҳсоси хеле дилсӯзона аз забони паланг баён кардани ин манзараи ҳузновар далели он аст, ки адиб нисбат ба табиат меҳри беандоза дорад ва хароб гардидани он боиси нороҳат шудани ӯ мегардад. Аз чунин тасвир хонанда бояд натиҷае гирад ва чун ин паланг бояд нисбат ба муҳите, ки инсониятро иҳота кардааст, бетафовут набошад, зеро хароб намудани табиат ва беэътиноӣ нисбат ба он ҳатман боиси вайронии ҳаёти одамон, муҳити иҳотакардаи онҳо мегардад. Чунин муҳтаворо мо дар аксари ҳикояҳои маҷмуаи мазкури Маҷид Салим мушоҳида менамоям.
Дар доираи ҳикояҳои ӯ образҳои ҳайвонот ва парандаҳои ба инсон манфиатовар, аз қабили саг, асп, гов, нахчир, гӯсфанд, парасту, кабк ва мисли инҳо, мавқеи махсус доранд. Нависанда бо истифода аз ташхису киноя андешаи худро нисбати ин ҷонварон баён карда, робитаи дуҷонибаи инсону ҳайвонот ва парандагонро бо забони шевою равон инъикос намудааст. Далели ин ҳикояҳои «Нахчир», «Саги кӯр», «Вола», «Пирсаг», «Вафодор», «Саги доно», «Саги зард», «Марги саги чӯпон», «Шиҳаи асп», «Байтал», «Аспи Искандар», «Модакабк», «Кабкбоз», «Ҷуфти парасту» ва монанди инҳо мебошад.
Аз мутолааи ҳикояҳо бармеояд, ки нависанда барои офаридани онҳо ва ҷолиб гардиданашон ба гӯшаю канорҳои гуногуни диёри зебоманзарамон сафар карда, чун эҷодкору муҳаққиқ ба олами набототу ҳайвонот ва парандаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ба онҳо бо диди эстетикию пажӯҳиш назар меандозад ва барои хонандааш манзараҳои назаррабое меофарад. Дар баробари ин, дар осори ӯ номҳои ҷуғрофӣ тахаюлӣ набуда, аксаран воқеианд. Масалан, дар ҳикояи «Ҷари говкуш» онҳо ба таври аслӣ оварда шудаанд: «Ӯ тамоми дара, шаху ағба, роҳраву шикоргоҳҳои атрофашро ба хотир овард. Кӯҳи Кафтар, Лангари Алишо, Сурхаи Гарданга, Вағлел, Нишорак кадомаш? Ин дам забонаш гирифт. Ҷари говкушро ном гирифту ба баданаш раъша давид».
Дар баробари ин, Маҷид Салим зимни эҷоди ҳикояҳояш аз вожаҳои шевагӣ чун манбаъ устокорона истифода бурда, ҷиҳати муаррифии симои қаҳрамонони ҳикояҳояш ва хислату психологияи онҳо моҳирона кор гирфтааст.
Дар маҷмуъ, доираи эҷодиёти Маҷид Салим хеле фарох буда, аз мунаққидону адабиётшиносон ва муҳаққиқони забони тоҷикӣ тақозо мекунад, ки дар доираи он андешаҳои худро баён намуда, нисбати сабки нигориш ва мавзуи асарҳои ӯ баҳои илмӣ, дастовардҳои эҷодии ӯро мавриди пажӯҳиши бештаре қарор диҳанд.
Муҳаммаддовуд САЛОМНИЁН,
ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор