Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 25-уми сентябр дар шаҳри Левакант заҳмати пахтакоронро қадр намуда, бо рафти корҳои сохтмонии корхонаи хишти пухта шинос шуд.
Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Искандар” раиси вилоят бо фаъолияти меҳнаткашон, рафти ҷамъоварии ҳосил ва шароити кории пахтакорон шинос шуд.
Бо заҳмати шабонарӯзии деҳқонон шаҳри Левакант тавонист нақшаи ҷамъоварии пахтаро бо натиҷаи баланд (101,99%) иҷро намояд.
Таъкид гардид, ки ҳосили имсолаи пахта дар хоҷагӣ хеле баланд буда, ин аз истифодаи босамари захираҳои обӣ, тухмии босифат ва меҳнати софдилонаи деҳқонон шаҳодат медиҳад.
Давлаталӣ Саид дар деҳоти Гулистони шаҳри Левакант роҳбарони 18 хоҷагии деҳқонии пахтакорро барои сари вақт иҷро кардани дурнамои пахта бо мукофоти молӣ қадр кард.
Дар идома, раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ “Хусрав сохтмон”, ки фаъолияташ ба истеҳсоли хишти пухта равона шудааст, шинос шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2024 оғоз гардидааст ва коргоҳи тавлидотӣ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Бо шуруи фаъолият беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз 60 ҳазор хишт буда, дар як сол ба 21 миллион хишт мерасад.
Раиси вилоят зикр намуд, ки ҳадафи асосии саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, таъмини истиқлоли иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ХАТЛОН. ХУРОСОН ДАР ДАҲГОНАИ ПЕШҚАДАМҲО
Дар вилояти Хатлон ноҳияи Хуросон дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор бо ҷамъоварии зиёда аз 4650 тонна ашёи хоми пурарзиши саноатӣ, ки 70 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад, дар даҳгонаи пешқадамҳо ҷойи сазоворро ишғол менамояд.
– Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар фасли баҳор баҳри иҷрои нақшаи солона, ки 7000 тонна пахта аст, заминаи мусоид гузоштанд. Ба қитъаҳо беҳтарин навъҳои чигити ватанӣ ва чинӣ кишта, обу ғизодиҳӣ ва нарм намудани атрофи бехи ниҳолҳоро хуб ба роҳ монда, барои рӯёндани ҳосили фаровон замина гузоштанд, – гуфт ба воситаи телефон муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон Дилшод Ризозода. – Дар бисёр қитъаҳо киштаҳо тавассути истгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Имрӯз баъди таъмири ду истгоҳи обкашӣ шаш истгоҳи обкашӣ шабу рӯз дар хизмати кишоварзон аст. Таъминоти об пурра ба низом даромадааст. Рафти пахтасупорӣ ҳар даҳрӯза ҷамъбаст мешавад. Дар ҷамоатҳои деҳоти Ғаллаобод, Сурхқалъа, ба номи Ҳилолӣ ва ба номи Садриддин Айнӣ аз 90 то 70 дарсади нақша ба хирмани Ватан пахта супурдаанд.
Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии меваю сабзавот, истеҳсоли гӯшту шир, ғалладона ва дигар анвои хоҷагии деҳот низ имсол нисбат ба солҳои пеш барзиёд иҷро шудаанд. Кишти такрорӣ ҳам 106 фоиз ба сомон расондашудааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИК. МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ СОҲА ДАР ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ-2025
Дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони “Муттаҳидсозии неруҳои нави пешбаранда дар Авруосиё барои бунёди муштараки меъмории нави рушди устувор” Форуми иқтисодии Авруосиё-2025 баргузор гардид. Дар он аз 40 кишвари ҷаҳон беш аз 500 нафар сиёсатмадор, соҳибкор ва олимон, аз ҷумла аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва мамлакатҳои иштирокчии Ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ширкат варзиданд.
Ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар Форум Тоҷикистонро корманди Саридораи геология ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Мустафо Лоиқзода намояндагӣ кард.
М. Лоиқзода дар Конференсияи ҳамкориҳои геологӣ ва сармоягузории истихроҷи маъдан дар кишварҳои СҲШ бо маъруза ва дар Конференсияи IV байналмилалии геофизикии “Як камарбанд, як роҳ” оид ба рушди соҳаи геология дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи инкишофи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷустуҷӯйи сарватҳои зеризаминӣ бо истифода аз усулҳои замонавӣ, ҳолати муосири тадқиқ ва истихроҷи маъдан суханронӣ намуда, ба суолҳои иштироккунандагон посух дод. Ӯ, ҳамчунин, дар ҳошияи форуми мазкур бо намояндагони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай вохӯриҳо гузаронда, бо гурӯҳи соҳибкорон ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти муосири истихроҷи маъдани Чин мулоқоти судманд анҷом дод.
Имсол соли рушди Созмони ҳамкории Шанхай эълон шудааст, ки ба 20-солагии таъсиси Форуми иқтисодии Авруосиё рост омадааст. Бинобар ин, баргузории ин нишаст дар шароити рушди иқтисод аҳамияти муҳими таърихӣ дорад.
Анҷумани иқтисодии Авруосиё соли 2005 аз ҷониби Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шудаст ва дар сохтори он мақоми асосӣ Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб ёфта, як маротиба дар ду сол баргузор мешавад, ки ба минтақаи Авруосиё нигаронда шудааст ва ба як ҳамоиши сатҳи баланд ва кушодаи байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Дар тули 20 соли мавҷудияти худ, анҷуман даҳҳо ҳазор ширкаткунандаро аз 70 кишвар ва минтақа ҷалб намуда, беш аз 200 созишнома ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва боиси оғози як қатор лоиҳаҳои гаронарзиш дар бахшҳои энергетика, молия, нақлиёт ва гуманитарӣ гардидааст.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”