Ифтитоҳи III Бозиҳои ИДМ дар Ганҷа ва аввалин медалҳои ҳайати Тоҷикистон
Шоми 28-уми сентябр дар варзишгоҳи Ганҷаи Озарбойҷон бо ширкати Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон, маросими расмии ифтитоҳи III Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар маросим раиси кумитаи тадорукоти Бозиҳо Самир Шарифов суханронӣ намуда, меҳмонон, варзишгарон, мураббиён ва дӯстдорони варзишро хайрамақдам гуфт. Иброз намуд, ки дар мусобиқот, ки 10 рӯз давом мекунад, 2400 варзишгар аз кишварҳои узви ИДМ, инчунин, Туркия, Покистон, Уммон, Куба ва Кувайт ширкат мекунанд. "Ин Бозиҳои варзишӣ ба минбари рақобати одилона дар асоси принсипҳои дӯстӣ, сулҳу субот ва эҳтироми ҳамдигар табдил хоҳад ёфт ва дар густариши ҳамкориҳои байни кишварҳо ва халқҳоямон, амиқтар шудани равобит саҳми арзанда хоҳад гузошт", - гуфт С. Шарифов.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Бозиҳои ИДМ-ро расман кушода эълон кард. Сипас, маросими ифтитоҳ бо гузашти ҳайатҳо ва намоиши театрӣ идома ёфт.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш намояндагӣ дорад. Рӯзи 29-уми сентябр мусобиқаҳо оид ба шиноварӣ, бокс, самбо, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, волейбол, футбол, тирпарронӣ доир гаштанд, ки варзишгарони мо аввалин медалҳоро сазовор шуданд. Дар таеквондо Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг), Нурулло Муродов (74 кг) ва дар самбо Назаралӣ Холов (64 кг), Ёсин Ҳукуматов (71 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.
Тими футболи наврасони кишвар, ки дар даври аввал аз Озарбойҷон (0:1) мағлуб шуда буд, дар даври дуюм Қирғизистонро бо ҳисоби 7:1 шикаст дод.
ФУТБОЛ
Лигаи олӣ: аввалин бохти “Вахш”
ва ғалабаи “Панҷшер”
Пешсафи ҷадвали Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ – дастаи “Вахш”-и Бохтар дар даври 18-ум ба аввалин бохташ дар мавсим дучор шуд. Даста дар сафар аз тими “Барқчӣ” бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид.
Тими “Панҷшер” бошад, аввалин пирӯзиро ҷашн гирифт. Дастаи футболи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар майдони худ “Истаравшан”-ро шикаст дод (1:0). Дар бозиҳои дигари даври 18-ум “Регар-ТадАЗ” бар “Хуҷанд” (1:0), “Равшан” бар КМВА (1:0), “Ҳосилот” бар “Эсхата” (1:0) ғалаба карданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Ҳулбук” – “Истиқлол” бо сабаби иштироки тими Душанбе дар даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё муқобили “Гоа”-и Ҳиндустон, мавқуф гузошта шуд.
Дар ҷадвали мусобиқа “Вахш” бо 36 хол садрнишин аст. “Истиқлол”, ки ду хол камтар дорад, дар ҷойи дуюм мавқеъ гирифтааст. КМВА бо 32 хол дар ҷойи сеюм қарор дорад. Бозиҳои даври навбатӣ 17-19-уми октябр ба нақша гирифта шудаанд.
ҶУДО
Паҳлавонони ҷавони кишвар ба Перу мераванд
5-8-уми октябр дар шаҳри Лимаи Перу Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Чемпионат ҳудуди 500 варзишгар аз 70 давлат ширкат хоҳад кард. Ҷумҳурии моро 4 варзишгар намояндагӣ мекунад: Икром Шамсов (-60 кг), Ёсин Бобокалонов, Эҳсон Сафарзода (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг).
Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 80 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи 14 вазн ғолибон 2500 евро, барандагони медали нуқра 1500 ва биринҷӣ 850 евро дарёфт мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки Чемпионати ҷаҳонии ҷудо соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд ва паҳлавонони мо 2 медал (як нуқра, як биринҷӣ) гирифтанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”