Яке аз заноне, ки умри пурбаракати хешро дар баробари тарбияи фарзандон сарфи меҳнати босамар ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодӣ, чи дар даврони шуравӣ ва чи дар замони Истиқлоли давлатӣ намудааст, Фотима Салимова мебошад.
Ӯ 20 январи соли 1913 дар деҳаи Рӯҳафзо, Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Фаъолияти кориашро дар собиқ колхози “Правда”, ҳамчун колхозчӣ оғоз намуда, ба ғаллакорию чорводорӣ машғул гардидааст.
Гоҳо ҳангоми ҷамъоварии пахта ба ноҳия ва хоҷагиҳои пахтакории ҳамсоя ҳамроҳи дигар колхозчиён барои ёрӣ мерафт. Вай собиқаи зиёда аз 40-солаи корӣ дорад.
Қарабой Гулаев, фарзанди калонии момаи Фотима, дар бораи модараш чунин қисса мекунад:
- Модари мо дар ҳаёт бисёр азобу машаққат дидааст, вақте ки падарамон аз олам даргузашт мо хурдсол будем, барои ба воя расондани фарзандон модар шабу рӯз дар колхоз кор мекард, то мо гурусна намонем. Новобаста аз ин, аз зиндагӣ дилсард нашуд, ҳангоми иҷрои коре мудом суруд замзама менамуд.
Аллагӯиҳояш бароямон нахустин сурудҳои ватандӯстона ва раҳнамо дар зиндагӣ буду ҳаст. Дуои некашон ҳамеша ёвару мададгорӣ мо фарзандон аст. Ман модарамро ҳамчун мураббӣ ва омӯзгори нахустин дар зиндагӣ медонам. Вақте ки хурдсол будам, ҳис мекардам, ки модарам шабҳои дароз худ бедорхобӣ кашида моро мехобонд. Имрӯзҳо хушҳол аз он ҳастем, ки модари меҳрубону ғамхори мо болои сарамон чун соябонанд. Бо вуҷуди синну солаш модари фариштахисолам ҳамеша моро дастгирӣ мекунад ва иштибоҳот, камбуду гуноҳҳоямонро мебахшад ва дар ҳама ҳолат бо мо меҳрубон аст.
Дар мушкилтарин лаҳазоти зиндагӣ бо ҳастияш ба қалбҳо қуввату дармон мебахшад.
Аз гуфтаҳои момаи Фотима бармеояд, ки ӯ дар синни 17-солагиаш ба Мустафоқулов ном ҷавони ҳамин ноҳия ба шавҳар баромада, соҳиби 3 фарзанд мешаванд. Мутаассифона, ду нафарашон аз дунё дармегузаранд. Мустафоқулов бо сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар соли 1941 ба фронт меравад ва дар набардҳои зидди фашизм қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди ин, баробари дигарон Фотима дар ақибгоҳ баҳри пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Ватан ва Қувваҳои Мусаллаҳи он шабу рӯз меҳнат мекард. Маҳз ба ин хотир, ӯро барои меҳнати садоқатмандона дар ақибгоҳ ва саҳмаш дар кори ғалаба бар фашизм соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Россия бо медали “75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. 1941-1945” қадр намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Фотима Салимова, айни ҳол 110 сол дошта, куҳансолтарин зан дар вилояти Хатлон мебошад.
– Модар барои мо қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷинаи хонадон аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми ӯст, ки мо фарзандон ва наберагонро бо оламу одам ошно сохта, ҳамеша сарҷамъ кардааст. Вақте қиссаҳои модарамро мешунавам, худ ба худ фикр мекунам, ки заҳматҳои шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш не, балки барои фарзандонаш будааст. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя расидему то ҳол аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Имрӯзҳо канори фарзандон будани модар, худ давлату сарвати бузурги мост. Ӯ моро бо азобу машаққат бузург намуд, то мо дар даврони пирӣ мададгораш бошем, – баён дошт Бозорбой Гулаев.
Зимни суҳбат момаи Фотима иброз дошт, ки ӯ бо шукргузорӣ аз давлату Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақому манзалати зан – модарро дар ҷомеа баланд бардоштанд ва ба занону бонувони собиқадор таваҷҷуҳи беандозае доранд. Инчунин, ӯ хурсанд аз он аст, ки имрӯзҳо дар фазои осоиштаи кишвар умри хешро сипарӣ менамояд.
Фотимамомаро дар ноҳия ва берун аз он ҳама эҳтиром мекунанду дуои некашро мегиранд.
Бояд гуфт, ки давлати фарзанд модар аст. Образи модар дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро чун нишони эҳтиром ва муқаддас доштан, дар осорашон ба тасвир кашидаанд ва номашро то ба Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст.
Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо мегирад ва бо номи он анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию манзалати модарро ба назар гирифта, ӯро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”