
Тавре “Ҷумҳурият” хабар дод, 27-уми сентябри соли 2025, зимни ҷаласаи 37-уми Шурои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера” дар шаҳри Ҳангжоуи Чин Мамнуъгоҳи биосферии “Ромит”-и Тоҷикистон ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО шомил карда шуд.
Воридшавии “Ромит” ба ин Шабака инъикоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон бо табиат мебошад.
Мамнуъгоҳи биосферии “Ромит”, ки дар минтақаи нодири экологӣ ҷойгир аст, бо гуногунии бойи биологӣ, мавҷудияти намудҳои эндемикӣ ва усулҳои анъанавии истифодабарии замин машҳур аст.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, бо пешниҳоду дастгирии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар дараи Ромит вусъат ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000-ум минтақаи сайёҳӣ эълон шуд.
Мамнуъгоҳи Ромит соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон дар масоҳати 16139 гектар таъсис ёфт. Табиати мамнуъгоҳ аз мавзеъҳои зебои сарсабз, олами гуногуни набототу ҳайвоноти нодиру камёфт, иқлими муътадил, ҷангалзор иборат аст. Вазифаи асосии мамнуъгоҳ дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани табиат ва пурра кардани баъзе ҷамоаҳо, барқарор ва ҳифзи онҳо мебошад. Дар обҳои тозаю пуртӯғёни мамнуъгоҳ ширмоҳию сагмоҳӣ, гулмоҳию лаққамоҳӣ, моҳии белбинӣ, дар тахтасангҳою хокрезаҳо, сангрезаҳою хокҳои мулоиму рангоранг микдори зиёди сусмор, агамаи кӯҳӣ, сангпушту хорпушт, морҳои афъӣ, печон, кубро ва гурза, қамчинмор зиндагӣ мекунанд. Мамнуъгоҳи «Ромит» намудҳои зиёди парандагон, аз ҷумла булбул, саъба, момоҷурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагӣ, кабк, кабки дарӣ, кабӯтар ва намудҳои зоғҳоро ба оғӯши худ гирифтааст. Дар таркиби биосенози мамнуъгоҳ зиёда аз 600-650 намуди ҳашарот, аз ҷумла шабпаракҳои нодир, эндемикӣ ҷой гирифтаанд. Асоси бойигарии мамнуъгоҳ мавзеъҳои зебои олами наботот ва намудҳои гуногуни онҳост.
Эътироф кардани “Ромит” ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии тадқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Мавзеъҳои дигари табиии Тоҷикистон – Боғи миллӣ дар ВМКБ, Лахш, Тавилдара (2013) ва мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷайҳун (2023) – ҳамчун мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт гардидаанд.
С. УМАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”