Баргашт Чоп кардан

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД


«МАЪРИФАТИ ИТТИЛООТӢ. ЧАРО ЧУНИН ДАРС НАБОШАД?»
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори қаноатмандӣ намуда, мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» вобаста ба мақолаи «МАЪРИФАТИ ИТТИЛООТӢ. Чаро чунин дарс набошад?» бо муаллифии Ташрифулло Саъдуллоев, ки дар шумораи №121 (25236) аз 20.06.25 чоп шудааст, вокуниш ирсол менамояд.
Бо вуҷуди он, ки таҳлили муаллиф аз нуқтаи назари ахлоқӣ ва фарҳангии мубориза бо таблиғоту иттилооти носолим арзишманд мебошад, дар матни мақола пешниҳодҳое ҷой доранд, ки бо воқеияти низоми таълими миллӣ, махсусан Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, мувофиқ нест.
Маърифати иттилоотӣ яке аз унсурҳои асосии салоҳияти иттилоотию коммуникатсионӣ буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда ба Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Ин маърифат на танҳо ба хонанда имкони чудо кардани иттилооти боэътимод аз дурӯғу фиребро медиҳад, балки ӯро дар самти истифодаи босамари воситаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, салоҳиятманд мегардонад.
Дар Стандарти давлатии таҳсилот (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2023, №350), салоҳияти иттилоотию коммуникатсионӣ ҳамчун яке аз салоҳиятҳои калидӣ пешбинӣ шудааст. Мазмуни он қобилияти ҷустуҷӯ, таҳлил ва баҳодиҳии иттилоот, истифодаи огоҳонаи манбаъҳои рақамӣ, тавоноии ҳифзи амнияти шахсӣ дар муҳити рақамӣ ва дониши ҳуқуқию ахлоқии истифодаи иттилоот ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, омӯзиши маърифати иттилоотӣ дар низоми таълимӣ, аллакай, мавҷуд буда, маҳдуд ба як фан ё шакли алоҳида нест, балки дар доираи як қатор фанҳо, аз ҷумла фанни "Технологияи иттилоотӣ" ва соатҳои тарбиявӣ амалӣ мегардад. Фанни "Технологияи иттилоотӣ" дар барномаҳои таълимӣ барои хонандагони синфҳои 5 то 11 ҷой дода шудааст ва муҳтавои он, тибқи барномаҳои амалкунандаи таълимӣ ва дастурҳои методӣ, омӯзиши зина ба зинаи салоҳиятҳои иттилоотию рақамиро дар назар дорад.
Яке аз паёмҳои асосии мақолаи мазкур пешниҳод намудани омӯзиши иловагии маърифати иттилоотӣ ҳамчун фан ё дарси мустақил дар мактабҳост. Бо эҳтиром ба ташаббуси мазкур, ки ҳадафи баланди маърифатӣ дорад. мехоҳем таъкид намоем, ки мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилот ва нақшаҳои амалкунандаи таълим, икдоми мазкур метавонад боиси зиёдшавии сарбории хонандагон гардад.
Ҳадди ниҳоии ҳафтаинаи соатҳои таълимӣ дар тамоми зинаҳо тибқи моддаи дахлдори Стандарт ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас ва маҳдуд шудааст. Ҳар гуна афзоиши соатҳои таълимии ҳатмӣ (дар шакли фанни нав ё дарси алоҳида) танҳо дар доираи меъёрҳои тасдиқшудаи нақшаи таълим ва бо дарназардошти имконияти воқеии мактабҳо амалӣ шуда метавонад
Бо мақсади таҳкими маърифати иттилоотӣ, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа ва устодони донишгоҳҳо як қатор маводи омӯзишӣ ва методиро таҳия ва нашр намудааст. Ин маводҳо, аз ҷумла дастурамалҳо барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, маводи кумакрасон оид ба ташхиси иттилооти носолим, лоиҳаҳои дарсӣ барои дарсҳои интегратсионӣ дар мавзуъҳои иттилоотию ахлоқӣ ва барномаҳои курсҳои кӯтоҳмуддат барои омӯзгоронро дар бар мегиранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вобаста ба хусусияти равияи таълимӣ ва талаботи бозори меҳнат, фанҳои махсус, ба монанди "Амнияти иттилоотӣ" дар барномаҳои таълимӣ ворид гардида, омӯзиши амиқи назариявӣ ва амалии мавзуъҳои муҳими иттилоотию рақамиро таъмин менамоянд.
Ҳамзамон, дар мавзуи саводи расонаӣ ва маърифати иттилоотӣ мунтазам аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои котибони матбуотии раёсату шуъбаҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф семинару омӯзишҳо гузаронда мешаванд.
Вазорати маориф ва илм пайваста навиштаҳои рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди омӯзишу корбарӣ қарор дода, пешниҳодҳои судмандро дар фаъолияти рӯзмарра мавриди истифода қарор медиҳад.

Ҳомид ҲОШИМЗОДА,
муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон