Баргашт Чоп кардан

ТАЪИНОТИ КАДРӢ


30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовин ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ пешниҳод гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозхонд намудан аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионӣ Каримзода Карим Мазиё, аз вазифаи судяи Суди Олӣ Хушмаҳмадзода Алифмо, Ҷӯразода Насиба Ермад, Пӯлодӣ Мавҷуда Комил бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Ваҳобзода Шаҳло Хотам, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон аз вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Раҷабзода Парвина Шариф аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан, Абдураҳимзода Дилором Рустам аз вазифаи судяи Суди конститутсионӣ, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ аз вазифаи муовини раиси Суди Олӣ – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон, Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ аз вазифаи судяҳои Суди Олии иқтисодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамзамон, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам муовини раиси Суди конститутсионӣ ва Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ судяи Суди конститутсионӣ, Раҷабзода Ҳотам Назар муовини раиси Суди Олӣ – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхӯҷа, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан, Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ, Раҷабзода Парвина Шариф судяи Суди Олӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол гардиданд.