Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2024) ҷиҳати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар панҷсолаи минбаъда иҷрои панҷ вазифаи муҳимро таъкид намуданд, ки банди чоруми он маҳз ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ бахшида шудааст. Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид намуданд: “Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ диққати ҷиддӣ дода шавад”.
Бо ин мақсад, дар банди 7-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар ин Паём зикр гардидаанд, таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030, масъалаи рушди сармояи инсонӣ низ дар назар аст.
Ҳамчунин, боби чоруми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти унвони “Рушди сармояи инсонӣ” маҳз ба омӯзиши масъалаи инсон ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ бахшида шудааст. Ин бори дигар водор месозад, ки омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ба зарурати воқеӣ табдил ёфта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи илмӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор гирад.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик С.Наврӯзов, Ш.Шоисматуллоев, А. Ш.Қурбонов, А.А.Бобоев ва дигарон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, аз ҷониби муаллифони номбурда дар ин самт таҳқиқоти муҳим анҷом дода шуд. Вале доир ба масъалаи сармояи инсонӣ дар ҷумҳурӣ дар шакли фарогир ва бо тамоми вижагиҳояш то ҳанӯз таҳқиқоти мукаммали илмӣ анҷом наёфтааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки масъалаи сармояи инсонӣ ба омӯзиш ва таҳқиқ ниёз дошта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи олимону коршиносон қарор гирад.
Дар мақолаи мазкур масъалаи сармояи зеҳнӣ чун ҷузъи таркибии сармояи инсонӣ, ки, қабл аз ҳама, хусусияти маърифатӣ дорад, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода шуд. Мушкилоти соҳаи илм ва захираи зеҳнӣ ҳамчун омили муҳими ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити муосир аз нигоҳи олимон ба таври гуногун баррасӣ ва арзёбӣ мешавад. Илм ҳамчун самти махсуси фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир мушкилоти хоси худро дошта, аз ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ва аз аҳли илм масъулияти баландро талаб мекунад. Ҳамзамон, ҳолати кунунии илм ва фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ водор месозад, ки раванди мазкур мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта, барои рафъи печидагиҳои мавҷуда тадбирҳои муфид ва зарурӣ андешида шаванд.
1. Дастгирии молиявӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. Бояд зикр намуд, ки рушди илм ва фаъолияти самараноки илмӣ-таҳқиқотӣ дар шароити муосир бе маблағгузорӣ ва таъминоти молиявию заминаи устувори илмӣ-техникӣ ғайриимкон аст.
Имрӯз дар Тоҷикистон мақом ва нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа беш аз пеш эҳсос гардида, аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба он эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди илми ватанӣ, ташаккул ва такомули тафаккури техникии ҷомеа, ҳамгироии илм ва маориф, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, омӯзишу таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳким бахшидани пояи илмӣ-техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ фармону амр ва қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва дар маҷмуъ, барои рушди илм ва дастгирии олимон дар ҷумҳурӣ нақши муассир гузоштаанд.
2. Тайёр намудани кадрҳои илмӣ. Рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ворид гардидани технологияҳои гуногуни инноватсионӣ ба ҷумҳурӣ, афзудани талаботи мардум ба дастовардҳои илму техника, тағйир ёфтани фазои таҳсилот ва дигар омилҳои муҳим водор месозанд, ки баҳри тарбияи мутахассисон ва, хусусан олимони соҳибунвон, барои самтҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.
Таҷриба собит месозад, ки яке аз воситаҳои муҳими тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани тадбирҳо тавассути фаъол намудани кор дар самти магистратура, докторантура ва аспирантура мебошад.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун манбаи асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мақоми хосса дошта, тули фаъолияташ барои бо кадрҳои илмӣ таъмин намудани тамоми самтҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар нақши беназир гузоштааст. Айни ҳол дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тарбияи кадрҳои илмӣ дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шуда, аз ҷумла соли таҳсили 2024-2025 дар шуъбаи рӯзонаи магистратура 287 нафар магистрант аз рӯйи 53 ихтисос таҳсилро идома дода истодааст, ки 149 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар зинаи докторантураи PhD дар муассисаҳои илмии АМИТ 221 докторанти PhD аз рӯйи 44 ихтисос ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта шуда, шумораи докторантҳои анъанавӣ 11 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, соли сипаришуда дар муассисаҳои илмии Академия 345 унвонҷӯ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул буд.
Омили муҳими дигаре, ки дар марҳалаи кунунии тараққии ҷумҳурӣ барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, ин фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Айни ҳол дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 шурои диссертатсионӣ аз рӯйи 193 ихтисоси анъанавӣ ва 193 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамояд. Ҳамчунин, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 19 шурои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудааст, фаъолият дошт. Шуроҳои мазкур, бешубҳа, дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибунвон, ташаккул ва таҳкими сармояи зеҳнии мамлакат нақши муҳим мегузоранд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 6250 нафар кадри дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ машғул буд ва сафи онҳо дар ҳоли афзудан аст.
3. Рушди илми бунёдӣ. Сармояи зеҳнӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаҳо, таҷрибаҳо, ғояҳо, технологияҳо ва сарватҳои ғайримоддӣ, қабл аз ҳама, бояд чун масъалаи бунёдӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили муҳаққиқон қарор дода шавад. Ин, пеш аз ҳама, маблағгузории соҳаи маориф, таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳо, ҳамчунин, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои инноватсия ва мубодилаи донишҳоро дар бар мегирад.
Воқеан, дар низоми фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҷумҳурӣ илмҳои бунёдӣ мақоми хос дошта, ба дастгирӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доранд. Бо ин мақсад фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқотҳои бунёдӣ” аз 24-уми феврали соли 1996 ба тасвиб расид, ки он дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар аҳамияти бузург дошт. Тибқи Низомномаи Фонд, дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои он ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб меравад.
Маблағи солонаи Фонд соли 2024 ба 4,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки он барои ба анҷом расондани таҳқиқоти муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Солҳои рушди илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ. Масъалаи дигаре, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илм мақоми хос дошта, барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва зиёиёни мамлакат ба масъалаи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ба хотири давра ба давра таъмин намудани иҷрои ин ҳадафҳо Стратегияи миллии рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 қабул гардида.
Бо дастгирии Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо соли 2024 Академияи миллии илмҳо дорои 28 озмоишгоҳи замонавӣ шуд.
Сармояи инсонӣ, бешубҳа, муҳаррики пуриқтидорест, ки ба пешрафти инноватсия, технологияҳои нав, барои таҳкими иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад. Бинобар ин, дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи кишвар таъмини рушди илми ватанӣ тавассути таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони боистеъдод ба соҳаи илм, истифодаи самараноки неруи зеҳнии ҷомеа, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот аз ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлат ва, ҳамзамон, вазифаи аввалиндараҷаи олимону донишмандони кишвар маҳсуб меёбанд.
Қ. Х. ХУШВАХТЗОДА,
президенти АМИТ