Баргашт Чоп кардан

ПАХТА-2025. УМЕДВОРЕМ, КИ НАҚШАҲО АМАЛӢ МЕШАВАНД

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумат (17-уми январи соли 2025) пахтакориро яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум маънидод карда, оид ба ривоҷ додани ин бахши муҳим ба масъулон супоришҳои қатъӣ доданд.

Имсол заркорон мақсад доранд, ки ба хирмани Ватан беш аз 390 000 тонна пахтаи аълосифат резанд. Дар ин замина, ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакор чиниши пахта дар авҷ буда, дастранҷи ҳаррӯзаи онҳо бештар аз 7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. 
Нуралӣ Асозода, муовини якуми вазири кишоварзӣ, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки тибқи маълумоти фаврии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пахтакорони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим то 29-уми сентябри соли равон беш аз 210 261 тонна (вилояти Суғд 51,9 ҳазор тонна, Хатлон 157,5 ҳазор тонна, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 716 тонна) пахтаро ба нуқтаҳои қабул супурданд, ки 53,9 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта 132,4 ҳазор тонна бештар аст.
Шоёни таҳсин аст, ки 22-юми сентябр заркорони шаҳрҳои Левакант ва Бохтар аз иҷрои уҳдадорӣ ба сарбаландӣ баромаданд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Хуросон, Кӯшониён ва Қубодиён, аз иҷрои дурнамои пахта хабар диҳанд.

Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва то анҷоми мавсими пахтачинӣ қариб 200 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Имрӯзҳо дар майдони пахтазори ҷумҳурӣ барои сари вақт ва беталаф ғундоштани пахта беш аз 141 ҳазор чинакчӣ ва ёрдамчӣ (вилояти Суғд 61,7 ҳазор, Хатлон 77,2 ҳазор, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 ҳазор кас) ба саҳро баромадааст.

Бо вуҷуди ин, Музаффар Азизов, сардори раёсати рустанипарварии вазорати кишоварзӣ изҳор дошт, ки чанд соли охир дар ҷумҳурӣ коҳиши майдони кишт ва ҷамъоварии пахта ба қайд гирифта мешавад. Барои мисол, агар соли 2022 беш аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, кишоварзон соли 2024 ба хирмани мамлакат 254 ҳазор тонна пахта супурданд, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ хеле кам аст. Ба маълумоти Музаффар Азизов, мувофиқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ соли 2025 кишти чигит дар майдони 186883 гектар пешбинӣ гардида буд. Тибқи маълумоти омории шакли 4-кишоварз, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 174882 гектар кишти чигит гузаронданд, ки 93,6 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. 
Ҳанӯз ҳам дар соҳаи пахтакорӣ мушкилот ҷой доранд.

Тавре аз суҳбат бо коршиносону кишоварзон маълум гашт, ҳоло норасоии техникаи муосири пахтағундор мушкили рақами яки соҳа арзёбӣ мегардад.

Муовини раиси ноҳияи Фархор оид ба соҳаи кишоварзӣ Насрулло Вализода дар суҳбат ба мо гуфт: – “Яке аз мушкилоти асосие, ки имрӯз кишоварзон доранд, аз тарафи корхонаҳои коркарди аввалияи пахта бо арзиши паст харидани маҳсулоти онҳо аст. Ҳоло корхонаҳои коркарди аввалияи пахта аз хоҷагиҳои пахтакор як кг пахтаро бо нархи чор-панҷ сомонӣ қабул намуда истодаанд. Хароҷоти пахтакорӣ хеле зиёд мебошад, барои парвариши он қувваи корӣ, сӯзишворӣ, нуриҳои маъданӣ, органикӣ ва техникаи муосири кишоварзӣ сарф мешавад”. 
Коршинос Музаффар Азизов оид ба мушкилоти ҷойдошта дар соҳа изҳор дошт:

– Дар аксари мавридҳо корхонаҳои коркард барои пардохти ҳаққи чинакчиён маблағи ночиз пешниҳод мекунанд, ки хоҷагиҳо бо ин маблағ наметавонанд шумораи бештари чинакчиёну ёрдамчиёнро ҷалб намоянд. Бинобар ин, бо такя ба қувваи кории худ ва саҳмдорон ҳосилро меғундоранд. Илова бар ин, мутаассифона, чун солҳои пешӣ корхонаҳои қабул ва коркарди пахта аз хоҷагиҳо пахтаро аз рӯи нархи тавсиявӣ бо арзиши истеҳсолӣ намехаранд, ки ба ҳавасмандии хоҷагиҳо дар кишт ва парвариши ин зироати афзалиятноку стратегӣ таъсири манфӣ расондааст. Тибқи талаботи агротехникаи парвариши пахта барои ба даст овардани ҳосили 25 сентнер аз як гектар дар асоси таҳлилҳои пешакӣ арзиши аслии як килограмм пахта 10,40 сомониро ташкил медиҳад.

Зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пахтакорони ботаҷриба Умар Тағоев, Саидшо Қурбонов, Ризо Раҳматшоев, Зинат Бобоева ва Саида Қодирова иброз доштанд, ки агар ин маҳсулот бо назардошти маҷмуи хароҷоте, ки марди деҳқон барои истеҳсоли пахта сарф намудааст, каме гаронтар харид шавад, ҳавасмандии деҳқон зиёд гашта, майдони кишт бештар ва ҳосили хуб ба хирмани мамлакат супурда мешавад.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”