Дар Ганҷа ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ доир гашт
29-уми сентябр, дар доираи III Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ бо роҳбарии намояндагони соҳаи варзиши кишварҳои аъзо доир гардид. Дар ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст.
Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода иштирок намуд.
Иштирокдорон оид ба ҳамкории густурда ва иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои Шуро барои солҳои 2024-2026-ро муҳокима намуданд.
БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
III Бозиҳои ИДМ: Тоҷикистон дар ҷойи 7-ум аст
III Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон идома дорад.
Имрӯзҳо мусобиқаҳо оид ба бокс, футбол, волейбол, бадминтон, шиноварӣ, чавгон, тирпарронӣ идома доранд. Дар зӯрозмоиҳои бокс се варзишгари мо - Дамир Назаров дар вазни 46 кг, Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг ва Амир Нозимов дар вазни -75 кг бар ҳарифон пирӯз гашта, ба нимфинал роҳ ёфтанд. Зӯрозмоиҳо имрӯз дар даври чорякфинал ҷараён мегиранд ва чор рӯзи оянда муштзанҳои наврас дар нимфинал ва финал зӯр меозмоянд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо, ки 28-уми сентябр оғоз шуд, 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш намояндагӣ дорад ва онҳо то имрӯз 4 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Тоҷикистон дар ҷойи ҳафтум мавқеъ дорад. Россия бо 69 медал (47 тилло, 13 нуқра, 9 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Озарбойҷон бо 56 медал (7-8-31) дар зинаи дуюм ва Беларус бо 40 медал (7-16-17) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
ШОҲМОТ
Дар Душанбе Мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мегардад
Аз 9 то 16-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар додааст, маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии мусобиқа, ҳамчунин, маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» ва бозиҳо дар меҳмонхонаи «Истиқлол» доир мешаванд.
Мусобиқа бо дастгирии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) сурат мегирад ва фонди ҷоизаҳо 50 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мусобиқа тибқи системаи швейтсарӣ бо нуҳ давр ва ду гурӯҳи рейтингӣ баргузор мешавад: гурӯҳи “А” – шоҳмотбозони дорои рейтинги 2200 ва болотар; гурӯҳи “В” – иштирокчиёни рейтингашон аз 2200 камтар.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”