Ҷамъоварии пахта дар навоҳии кишоварзии вилояти Суғд рӯз ба рӯз вусъати тоза мегирад. Ҳоло дар пахтазори вилоят наздик ба 62 ҳазор нафар чинакчӣ ҷалб гашта, ҳамарӯза то 2 ҳазору 400 тонна ҳосил ғунучин мекунанд. Хирмани оростаи деҳқонони суғдӣ то 30-юми сентябр ба 54 127 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,5 ҳазор тонна зиёд аст.
Миёни навоҳии пахтакори вилояти Суғд дар мавсими имсола кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар сафи пеш қарор гирифта, иҷрои нақшаро ба зиёда аз панҷоҳ фоиз расонданд. Хирмани оростаи онҳо 14 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи мавсими гузашта 10 ҳазор тонна зиёд аст.
– Имсол дар хоҷагиҳои ноҳия ҳосили фаровон рӯёнда шуд, – мегӯяд Шермаҳмаҳмад Нодирӣ, муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ, сарпарасти соҳа. – Дар мавсими имсола деҳқонони хоҷагиҳои пахтакор бо пешниҳоди мутахассисон, асосан, навъи чигити чинии “Ишан-2”-ро кишт карданд, ки риояи комили агротехникаи парвариш самараи дилхоҳ бахшид. Ҳоло 18 хоҷагии деҳқоние, ки ҳамин навъи чигитро коштанд, ҳосилнокии пахтаро аз ҳар гектар ба 40 сентнер ва аз ин ҳам зиёд расонданд. Ҷиҳати ҳавасмандии чинакчиён барои 1 кг пахтаи чидашуда 1 сомонӣ дар рӯзи ҷамъоварӣ пардохт мешавад. Пахтакорони ноҳия азм доранд, ки аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, 27 ҳазору 391 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Амриддин Қосимзода, сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд, иброз медорад, ки ҷиҳати боз ҳам суръатбахшии ғунучини пахта дар ноҳияи Зафаробод ба ёрии кишоварзон мошинҳои пахтачинӣ расида, дар баракати хирмани оростаи вилоят саҳми муносиб мегузоранд. Рӯзҳои наздик бошад, чунин мошинҳои пахтачинӣ ба ёрии деҳқонони ноҳияи Ашт меоянд. Ба хотири сари вақт ва беталаф ғунучин шудани ҳосили фаровон дар баробари саҳмдорон, ки зиёда аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, боз ҳамарӯза то 30 ҳазор нафар ҳашарчӣ аз ҳисоби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон ба ёрии пахтакорон сафарбар мешавад.
Ҳоло суръати ҷамъоварии ҳосил дар навоҳии Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров низ меафзояд.
Имсол деҳқонони вилояти Суғд тасмим доранд, ки то охири мавсим зиёда аз 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”