Дар шаҳри бостонии Панҷакент ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақша бунёди 984 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳр иттилоъ дод, то имрӯз 809 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти муҳими шаҳр ҷараён доранд. Аз ҷумла, сохтмони Боғи фарҳангию истироҳатии Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «СУ-3» бо татбиқи тарҳҳои муосир дар арафаи анҷомёбист.
Ҳамзамон, бунёди бинои нави беморхонаи кӯдакон бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ барои 200 кат оғоз ёфта, дар он шароити замонавӣ барои муолиҷаи кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Айни ҳол сохтмончиён ба корҳои бунёди таҳхонаи бино машғуланд.
Аз ҷумлаи иншооти муҳиме, ки айни замон бунёд ва навсозӣ мешаванд, осоишгоҳи “Шифо”, Маркази оши палов ва бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошанд. Сохтмони бинои маъмурӣ бо маблағгузории мустақими Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа анҷом меёбад. Биноҳои баландошёнаи маҳаллаи Самарқандии шаҳр низ ба тартиб дароварда шуда, корҳои таъмиру таҷдид дар он вусъат ёфтаанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”