1-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ, даъвати ҳафтум, баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзнома, аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои барои баррасӣ пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.
Форуми молиявии Осиё
Бо ташаббуси Бонки осиёии рушд дар шаҳри Манила (Филиппин) бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Форуми молиявии Осиё таҳти унвони «Мавқеъгирӣ барои оянда» баргузор гардид.
Аз маркази матбуоти Вазорати молия ба "Ҷумҳурият" иттилоъ доданд, ки Форум имконияти васеъро барои мубодилаи таҷриба, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои рушди ҳамкориҳои молиявӣ дар минтақа фароҳам меорад.
Муовини вазири молия Дилшод Саидзода зимни суханронии хеш дар Форум аз нақши муҳими Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти низоми молия ва татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ маълумот дод.
Ҷаласаи Кумитаи идораи лоиҳаи «Бохтар»
Дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи навбатии Кумитаи идораи лоиҳаи ‘’Бохтар” баргузор гашт.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои об ба хабарнигори «Ҷумҳурият» тавзеҳ доданд, лоиҳаи «Бохтар» дар доираи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ширкати «CNPC Central Asia B. V.»-и Чин татбиқ шуда, мақсади асосии он муайян намудани сохторҳои аз лиҳози мавҷудияти захираҳои саноатии нафту гази ояндадор, интихоби нуқтаи пармакунии чоҳи ҷустуҷӯӣ ва кашфи конҳои нави нафту газ дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии кишвар мебошад.