Нахуст, бо ташаббуси раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода ба ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2025 ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мешаванд, дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Қабл аз оғози маросими гусели наваскарон, аз бинои комиссарияти ҳарбӣ то қисми низомӣ роҳпаймоии оммавӣ бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гашт.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода иброз намуд: “Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ҷавононе, ки ба синни даъватӣ расидаанд, дар мавсими тирамоҳии даъватшавандагон бо азму иродаи қавӣ бо мақсади адо намудани қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд. Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: "Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст!”.
– Ҷавонони далеру шуҷои ноҳия дар ҳимояи марзу буми Меҳан ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд. Мо ифтихор аз он дорем, ки чанд сол боз ноҳияи Данғара нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро менамояд. Ин анъанаи нек дар маъракаи имсола низ риоя гардид ва итминони комил дорем, ки он минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Чунин масъулиятшиносии ҷавонони ноҳия борҳо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор гирифтааст, – иброз дошт ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Зуҳро Ҳакимзода, муовини раиси ноҳияи Данғара.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ модарони сарбозони ихтиёрӣ сухан намуда, барои хизмати минбаъда ба наваскарон далерию шуҷоӣ ва ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро адо намудан, баҳри ҳифзу якпорчагии Тоҷикистони азиз сина сипар кардан, барору комёбӣ таманно намуданд.
Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ ба хотири болидаруҳии сарбозон ва волидайни онҳо баргузор гардид.
Кароматулло АТО,
"Ҷумҳурият"