CentralAsia (KZ). Қазоқистон аз нақшаи фарогири сулҳи Президенти ИМА Доналд Трамп барои хотима бахшидан ба низоъ дар навори Ғазза истиқбол мекунад. Дар ин бора котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Руслан Желдибай навиштааст.
«Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Қазоқистон ин ташаббусро як имконияти беназир ва қадами ҳалкунанда дар роҳи ба эътидол овардани вазъият дар Ховари Миёна, таҳкими эътимоди байнидавлатӣ ва истиқрори сулҳи пойдору одилона дар минтақа мешуморад», – гуфта мешавад дар изҳорот. Шоми 29-уми сентябр Кохи Сафед нақшаи Доналд Трампро оид ба хатми низоъ дар навори Ғазза нашр кард, ки он аз 20 банд иборат мебошад.
Қатъи интернет дар сартосари Афғонистон
CentralAsia (CA). Тибқи иттилои хадамоти мониторинги NetBlocks, дастрасӣ ба интернет дар сартосари Афғонистон қатъ гардидааст.
Ҳаракати «Толибон», ки аз соли 2021 инҷониб дар ин кишвар ҳукмронӣ мекунад, баста шудани фаъолиятро ҳамчун “пешгирии бадахлоқӣ” шарҳ додааст. NetBlocks гузориш медиҳад, ки хадамоти телефони мобилӣ дар Афғонистон низ бо мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. 17-уми сентябр раҳбари «Толибон» Ҳайбатулло Охундзода интернети нахи оптикиро дар вилояти Балхи Афғонистон манъ кард. Баъдтар мамнуият ба минтақаҳои дигар низ тамдид гардид. Ҳукумат иддао кард, ки ҷунбиш ин корро барои мубориза бо паҳншавии бадахлоқӣ анҷом додааст.
Ҷаҳон дар як сатр
Синхуа. Чин пайваста таъкид менамояд, ки ҳалли мусолиматомези масъалаи ҳастаии Эрон бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ягона роҳи қобили амал аст ва он ба таҳдидҳои истифода аз қувва, таҳрим ва фишор мухолифат мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Го Сзякун изҳор доштааст.
INTERFAX.RU. Бино ба иттилои агентии “Ассошиэйтед Пресс” теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид (6,9 дараҷа) дар Филиппин ба 69 нафар расид ва тақрибан 200 кас маҷруҳ шуд. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ идома дорад.
ТАСС. Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”-и Қатар бар асари ҳамлаҳои Исроил шабакаи обтаъминкунии шаҳри Ғазза комилан хароб гашта, беш аз 75 дарсади тамоми чоҳҳои марказии обтаъминкунӣ корношоям шудаанд. Мардуми Ғазза аз камбуди об азият мекашанд.