Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни сафари корӣ ба Туркия бо раиси Бонки марказии Туркия Фатих Карахан мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни низомҳои бонкии ҳар ду кишвар суҳбат намуданд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Туркия аз шарикони доимӣ ва боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, робитаҳои тиҷоративу молиявӣ миёни ҳар ду кишвар дорои заминаҳои қавӣ мебошанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳамтои худ оид ба дастовардҳо ва ислоҳоти чанд соли охир дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои омории низоми бонкӣ дар соли 2025, сатҳи муътадили таваррум, устувории молиявӣ ва афзоиши сатҳи эътимоди мардум маълумот дод.
Зикр шуд, ки ислоҳоти молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва таъмини муҳити молиявии шаффофу пешгӯишаванда равона шуда, солҳои охир ҳиссаи устувори иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи ташкилотҳои қарзии кишвар мушоҳида мешавад.
Мо ҳузур ва эҳтимоли густариши бонкҳои туркиро дар бозори худ бо самимият истиқбол мекунем, зеро иштироки онҳо ба таҳкими рақобат, ҷорӣ кардани таҷрибаи пешрафтаи молиявӣ ва дастгирии рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард, - иброз намуд Фирдавс Толибзода.
Ӯ дар анҷоми суҳбат аз раиси Бонки марказии Туркия Фатих Карахан барои анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда, изҳор дошт, ки самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи таҷрибаи муосири Туркия дар бахши рақамисозӣ ва технологияҳои бонкии инноватсионӣ, барои рушди низоми молиявии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегарданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»