Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву баромадҳои хеш сохтмони пулҳо, мумфаршкунӣ ва азнавсозиву таъмири роҳҳои мошингардро аз ҳадафи афзалиятноки давлат медонанд. Дар ин раванд тайи чанд соли охир дар вилояти Суғд таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои аҳамияти гуногундошта идома доранд.
Дар ин замина чанде пеш дар ноҳияи Зафаробод низ бо иштироки раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода маросими оғози расмии мумфаршкунии роҳи Зафаробод – Ҳамид Алиев – Гулистон баргузор шуд. Бино ба иттилои масъулон, дарозии роҳ 3,2 километр ва паҳноии он 6 метрро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гашта, корҳои пудратиро ҶДММ «Ваҳдат-2018» ба уҳда дорад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон ва масъулин таъкид намуд, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ дар ин минтақа буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Зафаробод – Ҳамид Алиев – Гулистон таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар ва имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш ёбад.
Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин барои иҷрои босифати корҳои мумфаршкунӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки дар баробари бунёд ва мумфаршкунии роҳҳо ба сифат ва нигоҳдорию истифодаи онҳо диққати махсус дода шавад, зеро роҳҳо на барои як ё ду сол, балки барои даҳсолаҳо сохта мешаванд.
Тавре масъулон иттилоъ доданд, то 20-уми сентябр дар ҳудуди ноҳия 6 километр роҳ мумфарш, 67 километр таъмири ҷорӣ ва 25 километр шағалпӯш шудааст.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор