Ноҳияҳои минтақаи Рашт нахустин шуда нақшаи даъвати тирамоҳиро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карданд.
Ба ин муносибат субҳи 1-уми октябр майдони қисми ҳарбии маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм фазои идона касб карда, маросими гусели наваскарон таҳти унвони “Фарзандони содиқи миллатем” баргузор гашт.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки хизмат ба Ватан, хизмат ба падару модар, аҳли оила низ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд Ватанро дар баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя намоем.
Маҳз масъулиятшиносии ҷавонон аст, ки ҳамасола дар ноҳияҳои минтақа нақшаи даъвати ҳарбӣ сари вақт иҷро мегардад.
Дар ҳамоиш ба 190 нафар наваскаре, ки даври ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.
Сокини ноҳияи Рашт Донагул Аҳророва гуфт: «Мо, модарон, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем. Ифтихор менамоем, ки фарзандони мо барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд ва ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ мегарданд».
Дар ҳамоиши идона чун анъана маросими «Нонгазон» доир гардида, барои болидахотирии наваскарон барномаи ҳунарӣ пешниҳод шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
ДЕВАШТИЧ. ҶАВОНОН БА АРТИШИ МИЛЛӢ ПАЙВАСТАНД
Чорабинии гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар фазои идона баргузор гардид. Ҳанӯз дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ 130 ҷавони ватандӯсти ноҳия ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан гом бардоштанд.
Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич зимни чорабинӣ даъватшавандагонро барои пайвастан ба сафи хизматчиёни ҳарбӣ таҳният намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари муқтадири миллат мебошад.
Таъкид гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст.
Дар рафти чорабинӣ, ба наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагиро бомуваффақият хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуданд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад.
Маратҷон ҶАББОРОВ, ноҳияи Деваштич