(Бозтоби Конгресси ҳаштуми CAFA)
Аз нав интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Конгресси ҳаштуми CAFA ба маснади президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) рӯйдоди таърихӣ дар футболи тоҷик ба ҳисоб меравад. Яъне, ин исботи он буд, ки Рустами Эмомалӣ давоми чор соли роҳбарӣ (2019-2023) тавонист, дар рушд ва оммавияти футбол дар Осиёи Марказӣ, махсусан миёни наврасону ҷавонон, такони ҷиддӣ бахшад. Зимнан, бояд гуфт, ки дар Конгресс президенти ФИФА Ҷованни Инфантино ва президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халифа ширкат доштанд. Бешак, ташриф овардани роҳбарони ФИФА ва КФО ба Тоҷикистон нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои Рустами Эмомалӣ дар рушди футболи минтақа ва устувор намудани мавқеи CAFA дар ҷаҳон буд.
Аз ҳамин ҷост, ки Ҷованни Инфантино ва Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халифа ба кори CAFA, ки дар давраи пандемия барои дастаҳои мунтахаби минтақаи Осиёи Марказӣ даҳҳо мусобиқа доир намуд, баҳои баланд доданд. Он мусобиқаҳоро марҳилаи хуби омодагии мунтахабҳо ба чемпионатҳои осиёӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд.
Ин боварӣ ва эътимоди президентони ФИФА ва КФО масъулияти роҳбарияти CAFA ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои рушди футбол дар минтақа бештар менамояд.
Давоми чор соли роҳбарии Рустами Эмомалӣ, дар маҷмуъ, 166 бозӣ дар доираи 18 мусобиқа (7 мусобиқа миёни мардон ва 11 мусобиқа байни бонувон) дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор (Тоҷикистон), Тошкент (Ӯзбекистон) ва Бишкек (Қирғизистон) байни мунтахабҳои наврасон ва ҷавонон оид ба футбол ва футзал доир шуданд.
ПЕШНИҲОДИ ИЛҲОМБАХШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Роҳбари тозаинтихоби CAFA дар суханронии худ муждае барои ҷомеаи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ расонд, ки он аз ҷониби роҳбари Конфедератсияи футболи Осиё ва коршиносон пуштибонӣ ёфт.
– Минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки ин вақт фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард. Мо тасмим гирифтем, ки барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дар Осиёи Марказӣ дархости муштарак пешниҳод кунем, – гуфт президенти CAFA Рустами Эмомалӣ.
Ин пешниҳоди Рустами Эмомалиро президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим ал-Халифа дастгирӣ намуда, чунин иброз дошт: “Ин минтақа сазовори баргузории чемпионати Осиё байни тимҳои миллӣ мебошад”.
Ноиби якуми президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё Равшан Ирматов дар бораи ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалӣ оид ба пешниҳоди дархости муштарак барои дарёфти ҳаққи мизбонии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ чунин ибрози назар кард:
«Мо ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалиро оид ба пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ комилан дастгирӣ мекунем. Пешниҳоди аризаи якҷоя барои мизбонии чемпионати Осиё як қадами устувор дар роҳи рушди футболи минтақаи мост. Пеш аз ҳама, аз нигоҳи инфрасохтор мо варзишгоҳҳои мавҷударо ба тартиб меорем ва варзишгоҳҳои нав месозем, ки ба меъёрҳои баланди КФО ва ФИФА ҷавобгӯ бошанд. Агар ба мо мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро бовар кунанд, аз баргузории ҷашни бузурги футбол дар минтақа илҳомбахш хоҳем шуд! Инчунин, он кишварҳои дӯсту бародари моро муттаҳид хоҳад кард!».
АЗ ТАМОШОИ КОХИ “НАВРӮЗ” ТО ШИНОСОӢ БО МАРКАЗИ ТЕХНИКИИ ФФТ
Дар доираи ширкат дар Конгресси ҳаштуми CAFA президентони ФИФА ва КФО ба Маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз”, ки шоҳкории азими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор меравад, боздид карданд.
Ба иттилои ФФТ, меҳмонон аз шукӯҳу кандакориҳо ва зебоии толорҳо дар ҳайрат монда, ба истеъдоди ҳунармандони тоҷик баҳои баланд доданд. Махсусан, толори «Дидор», ки бо санъати кундалӣ оро ёфтааст, бо зинапояҳои кандакоришуда, толори «Аржанг», ки бо 29 намуди санги қиматбаҳои Тоҷикистон оро дода шудааст, бештар таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб намуд.
Рустами Эмомалӣ ва Ҷованни Инфантино аз ҷараёни корҳои сохтмонии маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дидан карданд. Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бунёд гардида, ҳамчун макони тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Маркази техникии ФФТ аз меҳмонхона, маркази тиббӣ, майдонҳои тамринӣ бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, майдони футзали болопӯшида ва ғайра иборат аст.
Дар маркази техникии бунёдшаванда президенти ФИФА Ҷованни Инфантино бо бозигарону мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот кард. Узви тими миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов ба президенти ФИФА пироҳани тими миллии Тоҷикистонро таҳти рақами 9 туҳфа намуд.
Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад.
Қароргоҳи ин созмон пас аз интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба маснади президенти CAFA соли 2019 аз Тошкент ба Душанбе оварда шуд.
Изҳори итминон менамоем, ки CAFA тайи чор соли дарпешистода, зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ рисолати худро ҳамчун ниҳоди пешбарандаи футбол дар Осиёи Марказӣ иҷро намуда, рушди бесобиқаи варзиши рақами яки сайёраро дар кишварҳои узви Ассостсиатсия таъмин менамояд.
Як нуктаро махсусан бояд гуфт, ки дигарбора интихоб гаштани Рустами Эмомалӣ ба симати президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну осуда дар олам муаррифӣ гардида, нуфузу эътибори байналмилалӣ доштани мамлакати моро ҳамчун як давлати рушдёбандаи футбол дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ менамояд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Р.S. Пас аз оне ки Ҷованни Инфантиноро дар фурудгоҳ хуш пазируфтанд ва ба ӯ ҷомаи тоҷикӣ пӯшонданд, дар саҳифаи инстаграмаш чунин иброз дошт: «Ман ифтихор дорам, ки баъди ба Тоҷикистон омаданам, чунин истиқболи гарму самимӣ ва афсонавиро дидам. Бори аввал ба Тоҷикистон омадам, ба ин мамлакати футболдӯст ва меҳмоннавоз. Хело шодам, ки ҳоло дар ин ҷо ҳастам!».
– Рустами Эмомалӣ бо тими худ барои маъруфтар ва оммавӣ намудани футбол дар ин кишвари зебо ва дар Осиёи Марказӣ кори бузургеро анҷом додааст, – гуфт Ҷованни Инфантино.