5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.
Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.
Дар идомаи суҳбат сарварони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода ва дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.
* * *
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Президенти Қазоқистон зимни суҳбат Президенти Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Сарварони давлатҳо, ҳамзамон, дар робита ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо оид ба идомаи саъю талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди босамари равобити ду кишвар изҳори омодагӣ карданд.
Дар зимн, президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.
* * *
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардид.
Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфта, ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон ба нафъи кишвар ва мардуми он комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Сарварони ду кишвар дар робита ба раванди рушди муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларус дар доираи шарикии стратегӣ ва дурнамои он ибрози андеша намуданд. Президенти Беларус нақши созандаи Пешвои миллатро дар ин ҷода махсус таъкид сохтанд.
Зимни суҳбат, ҳамзамон, дар робита ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.
* * *
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар зимн, Президенти Ӯзбекистон Пешвои миллатро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона табрику таҳният гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом, умри бобаракат ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат сарварони ду кишвар оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори андеша карданд.
Сарварони давлатҳо аз идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи минбаъда ва пайвастаи равобиту ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мутобиқ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат, ҳамзамон, оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.