Ба ифтихори панҷоҳу панҷсолагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева маҳфили адабии ӯ бо номи “Ҳарири ноз” дар толори калони Иттифоқи нависандагон баргузор гардид. Вижагии чорабинӣ дар он буд, ки бахшҳои фарҳангии онро на танҳо сарояндагону ҳамқаламони соҳибҷашн, балки кӯдакон бо таронаҳои нав ва намоишҳои саҳнавӣ оро медоданд.
Нахуст раиси ИНТ, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим аз фаъолияти пурсамар ва омӯзандаи Латофат Кенҷаева ҳарф зада, гуфт: “Латофатбону дар оғози солҳои 2000-уми асри нав хони маънавии кӯдакони миллати моро бо китоб таъмин намуд. Дар шароити вазнин, бо ҷустану ёфтани лоиҳа ва барномаҳои гуногун барои насли нав китоб чоп мекард. Ҳамзамон, бо нашри силсилаи моҳномаи “Истиқбол” пардохт, ки ҳар шумораи он ганҷҳои фарҳанги моро мемонад. Чанде пеш аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии Шоири халқии Тоҷикистон мушарраф шуд, ки аз эътирофи аҳли адаб паём мерасонад”.
Латофат Кенҷаеваро дар адабиёт, бавижа дар адабиёти кӯдак чун шоири навовар ва пурталош мешиносанд. Ӯ дар пайи омӯхтани пайвастаи адабиёти ҷаҳон китобҳои омӯзиширо бештар чоп кард. Яъне, аз нашри шеъру ҳикояҳои бадеӣ фаротар рафта, мағзи асарҳоро бо бозиҳои гуногун, бозии шумораҳо, рангҳо, табиат ва қофиябозиву сурудҳои мардумӣ дороӣ бахшид. Барои ин китобҳои “Рӯзҳои рангини ҳафта”, “Бозии рустшавакон”, “Қофиябозӣ”, “Кӣ зуд меёбад?”, “Борони ранга” ва “Бозиҳои Акбарҷон” далел шуда метавонанд. Ин китобчаҳо барои инкишофи зеҳни кӯдак, ошноӣ бо атроф, рангҳо, шумораҳо ва ашёи иҳотакарди ӯ ёрӣ мерасонанд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси бахши суғдии ИНТ Аҳмадҷон Раҳматзода номаи табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро қироат намуда, аз ҷумла изҳор дошт: “Латофат Кенҷаева аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагон ва дорандаи “Нишони сухан” мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун ношири номошно 500 номгӯй китобро бо шумораи 1 миллиону 700 ҳазор нусха чоп карда, барои дороии ганҷинаи адабиёти кӯдаки мо ҳиссаи шоиста гузошт. 34 сол сардабирии моҳномаи машҳури “Машъал” (баъдан “Истиқбол”)-ро бар зимма дошт. 20 китоби чопкардаи ин ношири номошно аз тарафи Вазорати фарҳанги кишвар чун Китоби сол баргузида ва қадр шудааст”.
Чандин адибон ва олимон низ соҳибҷашнро чун нависанда, тарҷимон ва ношир сутуда, фаъолияти ӯро намунаи ибрат барои адибони насли нав донистанд.
Дар поёни ҳамоиши идона соҳибҷашн Латофат Кенҷаева ба ҳар кӯдаку навраси дар чорабинӣ иштирокдошта 300 китоби тозаншари худ – “Савти баҳор”-ро ройгон туҳфа кард ва шодии онҳоро интиҳо набуд.
Тазаккур бояд дод, ки осори назмиву насрии мавсуф дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмунҳои “Ҷумҳурият” ва китобҳои дарсӣ фаровон истифода шуда, дар чор соли охир 15 шогирди парвардаи ӯ ғолиби озмунҳои мазкур шудаанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”