Баргашт Чоп кардан

Дар Чин аввалин маркази коркарди маълумоти зериобӣ дар ҷаҳон сохта шуд


Мир24. Дар ҷазираи Ҳайнан, дар ҷануби Чин, нахустин тарҳи маркази коркарди маълумоти зериобӣ дар ҷаҳон ба кор шуруъ кард. Он назар ба иншооти заминӣ камтар энергия сарф мекунад.
Серверҳои маълумот дар кабинаҳои зериобии вазнашон зиёда аз ҳазор тонна сохта шудаанд, ки махсус барои нигоҳ доштани иттилоот пешбинӣ гаштаанд. Ҳар як кабина дорои 24 каркаси филизӣ аст, ки ҳар кадом қодир аст аз 400 то 500 серверро дар худ ҷойгир кунад. Кабинаҳо дар зери об дар чуқурии 35 метр ҷойгир шудаанд. "Мо ҳама кабинаҳои дорои маълумотро дар чуқурии баҳр ҷойгир кардем, зеро об барои сард гардидани ҳарорат ёрӣ мерасонад", – мегӯяд менеҷери лоиҳа Пу Динг. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо марказҳои нигаҳдорӣ ва коркарди маълумот дар рӯи Замин, марказҳои зериобӣ имкон медиҳанд, ки масрафи неруи барқ барои хунуккунӣ коҳиш ёбад. Ин боиси коҳиши хароҷоти амалиётӣ мегардад, – хабар медиҳад рӯзномаи «South China Morning Post» (SCMP).

Фурӯравии мактаб дар Индонезия боиси ҳалокати 67 нафар шуд
CentralAsia (CA). Агентии иттилоотии «Франс Пресс» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст, ки дар Индонезия ҷустуҷӯи қурбониён дар зери харобаҳои мактаб-интернати исломӣ дар ҷазираи Ява анҷом ёфт.
Теъдоди ҳалокшудагон ба 67 нафар расид. Амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ 9 рӯз идома дошт. Наҷотдиҳандагон тамоми харобаҳоро тоза карда, минтақаро аз назар гузаронданд.
Буди Ираван, муовини раиси Агентии миллӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, изҳор намуд, ки эҳтимоли пайдо кардани ҷасадҳо хеле кам аст. Ин ҳодиса 29-уми сентябр, вақте ки таъмири боми бетонии Мактаб-интернати исломии Ал-Хозинӣ идома дошт, рух додааст. Гуфта мешавад, ки сутунҳои таҳкурсӣ дар толори намозгузорон ба вазни бетон тоб наоварданд ва бино фурӯ рехтааст. Садҳо талаба, аксаран писарони аз 12 то 19-сола дар дохили мактаб буданд.
Ба гуфтаи пулис, ба бинои дуошёна бидуни иҷозат ду қабати дигар илова кардаанд.


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР «Новости». Бино ба иттилои дафтари матбуоти Роҳбари Туркия, Президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган бо Президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, ки зимни он равобити дуҷонибаи Туркия ва Русия, ҳамчунин, мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, баррасӣ шуданд.

АИР «Новости». Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни суханронии ифтитоҳии худ дар ҷаласаи 7-уми формати машваратҳои Москва оид ба Афғонистон изҳор дошт, ки мо бори дигар ғайри қобили қабул будани истиқрори зерсохтори низомии тарафи сеюм дар хоки Афғонистон ва, ҳамчунин, дар ҳудуди кишварҳои ҳамсояи он бо ҳар баҳонаро тасдиқ мекунем.

Gazeta.ru. Ба гузориши шабакаи телевизионии «Fox News», Доналд Трамп, Президенти ИМА, бар ин бовар аст, ки музокироти 48 соати оянда барои ҳалли низои Ғазза ҳалкунанда хоҳад буд. Ҳамчунин, зикр мешавад, ки Трамп қабл аз ба Миср фиристодан ба намояндагони худ дар музокирот Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер супориш додааст, ки ба созиши миёни ҷонибҳои даргир ноил гарданд.