Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гашт. Бо таъкиди муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ имсол маблағи Озмун ду баробар зиёд шуда, 116 нафар ғолиби он қадр гардид.
Бояд зикр кард, ки ғолиби Озмун, соҳиби шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳо – ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан бо 70000, 50000 ва 30000 сомонӣ сарфароз шуданд.
Шоҳҷоизаро чор нафар– дар номинатсияи санъати тасвирӣ Файзигул Раҷабова аз шаҳри Ваҳдат, дар номинатсияи навозандагӣ Разияллоҳ Убайдзода аз ноҳияи Файзобод, дар номинатсияи сарояндагӣ Наврӯзи Досӣ аз шаҳри Душанбе ва дар номинатсияи оҳангсозӣ – бастакорӣ Обидҷон Масаидов аз шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд.
Ҳар номинатсияи Озмун фарогири се жанри мусиқӣ – академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ мебошад. Дар ҳар яки он довталабони синни аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 40-сола иштирок карданд. Дар номинатсияи композиторӣ довталабони аз 18 то 40-сола ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, тибқи муқаррароти низомнома, омӯзгороне, ки шогирдони онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва бо нишони фахрии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Барои ғолибон ва соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ (мақомҳои дуюму сеюм), дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин, имтиёзҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ғолибон ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг бе супурдани имтиҳон қабул мешаванд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”