БОЗ ЯК “ЗАМИНФУРӮШ” БА ТОЛОРИ СУД РАФТ
Муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Ҳамдамзода А.Ш., ки масъулияти соҳаи кишоварзиро бар зимма дошт, барои аз як шаҳрванд талаб намудани 20 ҳазор сомонӣ ба сифати пора ба хотири ҷудо кардани қитъаи замини чарогоҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Ҳамдамзода А.Ш. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, моҳи апрели соли 2025 зимни муроҷиати расмии шаҳрванд М.Б.П. оид ба ҷудо кардани 118,85 гектар қитъаи замини чарогоҳ аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Сабои ноҳияи Шаҳринав, ки номбурда вобаста ба мавқеи мансабиаш ҳамчун раиси комиссияи танзими истифодаи чарогоҳҳои ноҳияи Шаҳринав барои иҷрои амали мазкур мусоидат карда метавонист, ҷиҳати иҷрои амали болозикр аз шаҳрванд М.Б.П. маблағи 20 ҳазор сомониро ҳамчун талаб намуд.
Ҳамдамзода А.Ш. барои амалӣ шудани нақшаи ҷиноятии худ давоми моҳи майи соли 2025 дар ду ҳолат аз шаҳрванд М.Б.П. 20 ҳазор сомониро ҷиҳати пора гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳамдамзода А.Ш. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ ҒОРАТИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азхудкунӣ ва сохтакории хизматиро, ки алайҳи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат Идиев А.Ҳ. ва роҳбари ҶДММ “Ясир Инкишоф” - Гадоева И.Н. оғоз шуда буд, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристод.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ дар ин бора хабар дод, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат қасдан ва бо мақсади азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ бо роҳбари ҶДММ “Ясир Инкишоф” - Гадоева И.Н. маслиҳат намуда, давоми солҳои 2023 – 2024-ум барои гӯё ба корҳои ободонӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, дар чанд ҳолат ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда ҷамъ 199 ҳазору 900 сомонӣ гузаронда, ба воситаи Гадоева И.Н. онро нақдӣ карда гирифтанд.
Ғайр аз ин, Идиев А.Ҳ. ва Гадоева И.Н. маблағи зикршударо аз рӯйи таъиноташ истифода набурда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳолати гӯё пардохт шудани 199 ҳазору 900 сомониро ба шаҳрвандон барои ҷалб шуданашон ба корҳои ҷамъиятӣ вонамуд сохта, дар асл маблағи зикршударо бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф карданд.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Идиев А.Ҳ. ва Гадоева Н.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо андешидани чораҳои мурофиавӣ зарари ошкоршуда пурра ба давлат барқарор гардид. Парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”