Баргашт Чоп кардан

ХИЗМАТ БА МОДАР – ВАТАН ИФТИХОР АСТ


Дар вилояти Суғд даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад.

Соли чандум аст, ки гусели аввалин ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар амфитеатри қасри “Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хотирмон, мутантан ва бошукӯҳу ҷалол доир мешавад. Зиёда аз 2 ҳазору 600 нафар ҷавон субҳи барвақт аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷамъ омада, бо садо додани Суруди миллӣ ҳама дар назди муқаддасоти мамлакат: Парчам ва Нишони давлатӣ саф оростанд.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, нахуст, ҳозирон – ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати Модар – Ватан сафарбаршаванда, волидайни онҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ин маъракаи муҳими сиёсӣ табрик гуфт.
– Бо талошу заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи қисму ҷузъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шароити машқу хизмат, ҷойи хобу ғизои сарбозону афсарон мутобиқ бо меъёрҳои ҷавобгӯйи рӯз муҳайё шудаанд, – иброз дошт раиси вилоят. – Сарбозонро зарур аст, ки бо омодагии ҷиддии ҷисмониву техникӣ хизматро сарбаландона ба ҷо оварда, ба шаҳру навоҳии худ бозгарданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят давоми муҳлати хизмат шароит муҳайё месозад, ки волидайн аз ҳамаи шаҳру навоҳӣ ба қисмҳои ҳарбии воқеъ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба аёдати фарзандонашон раванд.
– Боиси ифтихор аст, ки бароям чунин рӯзи саид фаро расид, то ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста, баҳри садоқат ба марзу буми Ватани азиз хизмат ба ҷо оварда, қарзи муқаддаси худро бо сари баланд анҷом диҳам, – иброз дошт даъватшаванда Беҳрӯз Алиматов аз шаҳраки Адрасмон. – Бо истифода аз ин лаҳзаҳо, ҳамаи ҳамсолони хешро даъват мекунам, ки бо нангу номуси миллӣ, эҳсосоти соҳибватанӣ ба хизмати ҳарбӣ раванд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар рӯзи аввали сафарбарӣ деҳоти Ворух, Чоркӯҳи Исфара, Халифа Ҳасан аз Панҷакент, Суғдиён ва Навбаҳор аз ноҳияи Мастчоҳ, Адрасмон ва Зарнисор аз шаҳри Гулистон, шаҳраки Табошар аз Истиқлол нақшаро барзиёд иҷро намуданд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”