ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ҒАЛАБА»
1. Адиби тоҷик, шаҳиди ҶБВ. 2. Мафҳуме, ки ба ягонагӣ даъват мекунад. 3. Дарёе, ки соли 1943 яке аз муҳорибаҳои калонтарини ҶБВ дар он ба вуқуъ пайваст. 4. Қалъае, ки байрақи Ғалаба (соли 1945) ба он овехта шуд. 5. Саркардаи ҶБВ. 6. Воситаи техникии ҷангӣ. 7. Тоҷикписар, Қаҳрамони Итиҳоди Шуравӣ. 8. Дарё дар Россия. 9. «Солдат» ба тоҷикӣ. 10. Жанри «Вафо». 11. Нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ аз Осиёи Миёна. 12. *** Эрйигитов, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ.13. Исми тоҷикписар, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ. 14. Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ, шореҳи давраи ҶБВ, ки мардумро тавассути радио аз музаффариятҳои ҷанговарони давлати шуравӣ хабар медод. 15. Муродифи «нанг». 16. «Суруши ***, достони М. Қаноат. 17. Дарёе, ки Неъмат Қарабоев тир хӯрда, дар он ҳалок шудааст. 18. Миллати саркардаи ҷанг. 19. Истилоҳи соҳаи ҳарбӣ. 20. Ҳаммаънои «ҷасур». 21. Муродифи вожаи «ташаккур». 22. Миллат. 23. Ихтисораи русии ибораи «командири баталион». 24. Техникаи ҷангӣ. 25. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26. Нақшаи ҷангии Иттиҳоди Шуравӣ. 27. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ, генералиссимус. 28. Дарё. 29. «Тори ***», романи Ҷ. Икромӣ. 30. Фасле, ки ҷанг шуруъ шуд. 31. Ҳаммаънои «зафар». 32. Ҷумҳурӣ дар Осиёи Миёна. 33. Муаллифи романи «Сарбозони бесилоҳ». 34. Арбоби ҳаракати коргарии Испания ва байналхалқӣ, ки писараш – Рубен дар мудофиаи Сталинград ҳалок гардид ва соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ шуд. 35. *** Шарифов, қаҳрамони достони «Ситораи Исмат» - и М. Қаноат. 36. Муродифи «муассиса». 37. Таъм. 38. Истиқоматгоҳ. 39. Истилоҳи илми физика. 40. Ҳаммаънои калимаи «давлат». 41. Маршали Иттиҳоди Шуравӣ, сарфармондеҳи як қисми артиши ИҶШС дар солҳои ҶБВ. 42. Унсури кимиёвӣ. 43. Муқобили «дӯст». 44. «Нанг ва ***», асари адиби тоҷик. 45. Исми адиби тоҷик, ки солҳои ҷанг дар газетаи ҳарбӣ фаъолият намудааст. 46. «***, рав ҳимоят кун Ватанро» (М. Турсунзода). 47. Муаллифи достони «Нону имон». 48. Сафед, сиёҳ. 49. Яке аз ҳамақидаҳои Гитлер. 50. Ба манзил мерасонад. 51. *** Кенҷаев, тоҷикписар, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ. 52. Ноҳия дар Тоҷикистон. 53.Тоҷикдухтар, бо тайёра душманро қир кардааст. 54. Вилоят дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.55. Дарё дар Россия. 56. Шакли ҷамъи вожаи «асир». 57. Исён ба хотири барҳам задани шакли идораи давлат. 58. Амал дар кори хайру савоб. 59.Ҷирми осмонӣ. 60. Исми саркардаи ҶБВ. 61. Ҳуҷҷати расмӣ. 62. Достони адабиёти тоҷик дар бораи ҶБВ. 63. Муродифи «мактуб». 64. Муаллифи очерки «Чингизи асри ХХ». 65. Маъракаи сиёсӣ. 66. Ҳаммаънои «раҳмат». 67. Чапғалат додан, дигар кардани роҳи ҳамла. 68. Ба орият гирифташуда. 69. Ҷашн, суру тараб. 70. Ҳайвони саворӣ, ки дар муҳорибаҳои ҶБВ истифода шудааст. 71. Воситаи ҳарбии техникии мубориза дар ҷанг. 72. Шаҳри қаҳрамон. 73. Он ки дар асорат гирифта шудааст.74. Донаи шоҳмот.75. Ҳуҷҷат, воситаи муайян кардани шаҳру давлатҳо.76. Мафҳуми хешутаборӣ. 77. Пешоянди забони тоҷикӣ.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
ҲАР АМАЛИ НОҶО ПУШАЙМОНӢ ДОРАД
Соли 2008 як сознавози начандон маъруфи канадагӣ бо номи Дэйв Кэрролл барои анҷоми консерт ба шаҳри Небраск парвоз мекард. Ӯ аз Ширкати ҳавопаймоии «United» хоҳиш намуд, ки бар ивази маблағи изофӣ иҷозат бидиҳанд, то гитараашро бо худ ба салони ҳавопаймо бигирад. Хоҳишашро рад ва асбобро дар бағоҷ ҷой карданд.
Ҳангоми гирифтани бағоҷ маълум гардид, ки гитар шикастааст. Давоми як сол Ширкати ҳавопаймоӣ сари ӯро гаранг карда, ба гуноҳаш иқрор нашуд ва ба шикояти навозанда посухи рад дод.
Сипас, ӯ бо номи «Ширкати ҳавопаймоии «Юнайтед» гитараҳоро мешиканад», сурудеро эҷод кард ва таърихи аз сар гузарондаашро дар он баён намуд. Клип дар You Tube маъруф гардид ва 22 миллион бинандаро ҷалб кард. Дэйв дар як ҳафта ситораи ҷаҳонии мусиқӣ шуд. Пас аз 4 рӯзи нашри клип саҳмияи «United» 10% пойин фуромад ва маблағи зарар 180 миллион долларро ташкил дод. «United» аз Дейв хоҳиш намуд, ки маблағи мехостаашро барои аз интернет гирифтани клип дар варақчае бинвисад то онро ширкат пардохт намояд.
Вале Дэйв онро қатъиян напазируфт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
АШКИ ҚАҲРАМОН
Ғайри чашмдошт дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Ҳелсинки-1952 давандаи люксембургӣ Жози Бартел ба таври ҳангомавӣ дар масофаи 1500 метр қаҳрамон шуда, рекорди олимпӣ гузошт. Зимни маросими ҷоизасупорӣ боз як ҳолати ғайриинтизори дигар ба амал омад: Суруди миллии Люксенбург садо надод, зеро дар дасти онҳо сабти Суруди миллӣ набуд.
Ин ҳолат ба Бартел сахт таъсир кард ва ӯ дар болои пояи қаҳрамонӣ гирист. Алорағми ҳамаи чемпионҳои олимпӣ ашки вай на ашки шодӣ, балки ашки ранҷурӣ аз мамлакати хурдаш буд.
То кунун ин ягона медали тиллои Люксембург дар бозиҳои олимпӣ мебошад. Ҳамин тавр, Жози Бартел абадан ба ифтихори бузурги мамлакати хурдаш табдил ёфт.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
ТОҶИКПИСАРЕ, КИ ДАР РОССИЯ ОРТОПЕД-ДАНДОНПИЗИШК ШУД
Боиси хурсандист, ки ҷавонони мо дар хориҷи кишвар ҳам, муваффақанд. Носирҷон Каримов ҷавони 25-солаи тоҷик аз зумраи онҳост. Ӯ, аллакай, дар соҳаи дандонпизишкӣ роҳу равиши корро пайдо намуда, феълан дар яке аз бунгоҳҳои хусусии тиббии шаҳри Пензаи Россия ба ҳайси ортопед-дандонпизишк (мутахассисест, ки ба барқарорсозӣ ва ҷарроҳию сохтани дандонҳо (протез)-и сунъӣ машғул аст) фаъолият дорад.
Носирҷон хатмкардаи Донишкадаи тиббии Донишгоҳи давлатии Пенза мебошад.
Носирҷон Каримов доим дар ҷустуҷӯ аст. Ӯ дар ҳар давраи омӯзишие, ки мутахассисони сатҳи баланд баргузор мекунанд, иштирок менамояд ва бо як қатор ортопед-дандонпизишкони ҳирфаӣ, ки дар сатҳи байналмилалӣ бо дастовардҳо, дарёфтҳо ва саҳмгузориҳо дар соҳаи дандонпизишкӣ шинохта шудаанд, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дораду аз онҳо мудом чизи наве меомӯзад.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
АЗ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ТО ПАРЧАМИ АМРИКО
1. Туркия аз зиёрати қабри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – шоири бузурги порсигӯ ҳамасола 2 миллиард доллар фоида ба даст меорад.
2. Дар Аврупо Рӯзи Ғалабаро на 9 май, балки 8 май ҷашн мегиранд, зеро қарори таслимшавии Олмон бо вақти Аврупои Марказӣ 8 майи соли 1945, соати 22:43 (9 май, соати 0:43 бо вақти Москва) ба имзо расида буд.
3. Тарҳи парчами Амрикоро писарбачаи мактабхон, ки чордаҳ сол дошт, тасвир кардааст. Зимнан, барои ин тасвир ӯ баҳои 4 гирифта буд. Ҳоло бошад, ин парчами як кишвари муқтадир аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
80 ҲАЗОР ЗАНИ АФСАР ДАР САФИ АРТИШИ СУРХ БУД
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздик ба 1 миллион нафар занон дар даст силоҳ ба муқобили душман меҷангиданд. Аз ҳисоби бонувони ихтиёран ба фронт рафта, полкҳои авиатсионӣ, бригадаҳои тирандозию разведкавӣ, ротаи матросҳо ташкил шуда буданд. Аз шумораи умумии занони ҷанговар 80 ҳазор нафарро афсар ташкил дода, 87 нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советиро ба даст овард.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҚИМОБ
Дар ярмаркаи ҷойи кор:
– Дар бораи сифатҳои инфиродиатон гап занед.
– Аз технологияи нав қимобам.
– Фаҳмо, суроғаатонро монед, мо худамон ба шумо менависем.
– Не, нанависед. Беҳтараш номаро дар пойи кабӯтар баста, равон кунед.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
АЗ ОЛАМИ МӮД
“BURBERRY”
Ширкати бузурги “Burberry” ҳанӯз соли 1856 дар шакли як дукони хурди нассоҷӣ дар Ҳэмпшир таъсис ёфта, дар соли аввали фаъолият ба истеҳсоли либосҳои болоӣ маҳдуд буд. Оҳиста – оҳиста ба артиши Британия дастрас намудани либосҳои махсусро ба уҳда гирифт. Ҳатто экспедитсияи Роалд Амундсен ба Қутби ҷанубӣ ҳам бо либоси муҳофизатии “Burberry” муҷаҳҳаз шудааст. Дар соли 1900, Ширкат дар Париж як мағоза кушод. Аз соли 1926 то аввали солҳои 1950-ум ин Ширкатро писари дуюми асосгузор Артур Майкл роҳбарӣ мекард. Соли 1955 “Бёрберри” аз ҷониби “Great Universal Stores” (GUS) харида шуд. Бренди “Бёрберри” дар солҳои 1960 ва 1970 маъмул буд.
Аз 1 июли соли 2006 то баҳори соли 2014 Ангела Арендс директори генералии ин Ширкат буд. Дар тули 7,5 соли идоракунии “Бёрберри”, Арендс фурӯши маҳсулоти Ширкатро тақрибан се маротиба афзоиш дода, то ба беш аз 3 миллиард доллар расонд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
НУТҚИ АВВАЛИНИ АВРААМ ЛИНКОЛН Ё ЯК ДАЛЕЛИ ХОКСОРИИ Ӯ
Авраам Линколн писари кафшдӯз буд, вақте ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд, ҳама ашрофзодаҳо ба ғазаб омаданд. Дар аввалин рӯзи роҳбарӣ, вақте ки ба минбар баромад, ашрофзодае аз ҷой хеста гуфт:
– Оғои Линколн! Ҳарчанд ба таври ғайричашмдошт мақоми президентиро гирифтед, аммо фаромӯш накунед, ки шумо ҳамеша ҳамроҳи падаратон ба хонаи мо меомадед, то кафшҳои аҳли хонаводаро таъмир намоед. Дар ин ҷо аксарият сенаторҳо кафшҳое ба по доранд, ки сохти дасти падари шумост. Бинобар ин, ҳеҷ гоҳ асли худро аз ёд набароред!
Ин мард фикр намуд, ки бо кори кардааш президентро дар хиҷолат мемонад. Авараам Линколн чунин посух дод:
– Ман миннатдорам, ки пеш аз ироаи нутқи аввалинам падарамро ба ёд овардед. Падарам тинати пок доштанд ва чунон ҳунарманд буданд, ки ҳеҷ кас қодир набуд кафшҳое ба ин зебоӣ бидӯзад. Ман хуб медонам ҳар коре ҳам анҷом диҳам, наметавонам он қадар, ки падарам ҳунари воло дошт, президенти хуб бошам. Дар ин замон, ҳамаи шумо ашрофзодаҳоро хотирнишон менамоям: агар кафшҳои сохтаи падарам пойҳоятонро озор диҳанд, ман метавонам онҳоро таъмир карда диҳам, гарчанде дар сатҳи падарам нестам. Барои ин кофист, ки танҳо ба ман хабар диҳед, то худам шахсан ба манзилатон барои таъмири пойафзол равам.
Таҳияи З. РАҶАБ
ҲАҚИҚАТИ ХАНДАОВАР
Сандра Смит, зани солхӯрдае аз Флорида, баъди харид аз мағоза назди мошинаш омада, дохили он чор марди сиёҳпӯстро мебинад. Вай бастаҳояшро мепартояду таппончаро бароварда мегӯяд: “Ба хубӣ аз мошин фароед!”
Чор нафар аз тарс девонавор мегурезанд. Зан чун ба ҷойи ронанда менишинад аз ҳаяҷон, ҳатто ҷойи калидро намеёбад. Ниҳоят пай бурд, ки мошини бегонаро аз худ кардааст. Пиразан зуд ба шуъбаи полис рафта, асли ҳодисаро мегӯяд.
Сержанте, ки суханони ӯро гӯш мекард, худро аз ханда боздошта, ба тарафи дигари ҳуҷра нишон медиҳад. Дар он ҷо мардони сиёҳпӯст бо ҳаяҷон ба афсари дигар мегуфтанд, ки чӣ гуна як пиразани девона бо таппончаи калон онҳоро аз мошин берун кардааст.
Дар пайи муноқиша зани солхӯрда аз чаҳор мард, ки мехостанд ҳамон номҳояшонро махфӣ нигоҳ доранд, узр хост.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
Пиряхи Федченко
Пиряхи Федченко — муъҷизаи беҳамтои табиати Тоҷикистон буда, дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Помир дар пайвандӣ бо силсилакӯҳи Язгулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб маскан гирифтааст. Минтақаи ғизогирии пирях дар баландиҳои 6200 то 6300 метр аз сатҳи баҳр ва забонаи он дар водии дарёи Селдара (шохоби Муксу) то баландии 2909 метр паст фаромадааст.
Пиряхи мазкур барои дар ҷаҳон калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ буданаш дар китоби «Рекордҳои Замин» ворид гардид. Дарозии ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км2, ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳноияш то ба 3-5 км2 мерасад. Ҳаҷми умумии пирях ба 93,8 км2 баробар буда, дар он қариб 100 км2 об захира шудааст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
МАРДИ ХУРДТАРИНИ ҶАҲОН
Ҷавони 20-солаи эронӣ – Афшин Исмоил Қодирзода бо унвони хурдтарин фарди ҷаҳон вориди Китоби рекордҳои Гиннесс шуд. Қади ӯ ҳамагӣ 64 сантиметр мебошад. Ба гуфтаи волидони Афшин, вазнаш ҳангоми таваллуд 600 грамм будааст. Табибон ба зинда мондани тифл кафолат надодаанд, вале бо вуҷуди ин кӯдак зинда мемонад ва инак, 20-сола шудааст.
Назар ба гуфтаи Афшин, ӯ аз қади паст доштанаш ҳеҷ гоҳ шарм накардааст.
– Ман медонам, ки баландтарин одам дар ҷаҳон кист. Ман ба кафи дастони ӯ меғунҷам, – шӯхиомез гуфтааст Афшин Қодирзода. “Орзуи ман кумак намудан ба волидонам аст. Шояд эътирофи ҷаҳонӣ ба ман мадад кунад, ки орзуямро амалӣ созам", – мегӯяд Афшин.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
КАШФИЁТҲОИ АВВАЛИН
Дастгоҳи аввалини синаморо (киноро) бародарони фаронсавӣ Луи ва Огюст Люмерҳо соли 1895 ихтироъ намудаанд.
* * *
Дастгоҳи бофандагиро Ҷеймс Харгвирси англис сохтааст.
* * *
Дурбинро соли 1854 олими итолиёвӣ Игнасио Порро ихтироъ намудааст.
Таҳияи Сумая АБДУҲАМИДОВА
КИШТИИ САЙЁҲӢ
Дар Арабистони Саудӣ ният доранд, як киштии бузурги сангпуштшакл бо арзиши 8 миллиард доллари амрикоӣ бисозанд.
Киштии сайёҳӣ метавонад дар як вақт то 60 ҳазор одамро дар бар гирад ва аз ҳисоби қувваи аз мавҷҳо ва неруи офтобгирифтааш, беохир сайри ҷаҳон кунад.
Дар киштӣ клуб, мағоза, марказҳои савдо ва ғайра ҷой хоҳанд дошт.
Таҳияи Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
5. ОРОМГОҲИ ТСИН ШИ ХУАНДИ, ЧИН
Оромгоҳи аввалин императори Чин ва асосгузори сулолаи Тсин, Тсин Ши Хуанди дар умқи теппае дар маркази Чин пинҳон аст. Маҷмааи мақбара аз шабакаи печидаи ғорҳои зеризаминӣ иборат буда, пур аз ҳар гуна ашёҳое мебошанд, ки гӯё метавонанд барои император дар ҳаёти пас аз марги ӯ муфид бошанд, аз ҷумла артиши ҳайкалҳои гилӣ бо номи артиши терракота. Худ аз худ дахма бо ҷасади ҳоким ҳанӯз кофта нашудааст. Эҳтимол, Ҳукумати Чин ба унвони арҷгузорӣ ба ниёгон ҳеҷ гоҳ ба таҳқиқоти минбаъдаи бостоншиносии ин макон иҷозат надиҳад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
ДУ БАЙТ
Чизе ба ҷаҳон ба ҷавонмардӣ нест,
Расвои замона бошу номард мабош.
* * *
Хуб будан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун.
Мавлоно
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ВАҚТИ ҒИЖАКНАВОЗӢ
Боре Шерлок Холмс ва доктор Ватсон дар меҳмонхона якҷоя буданд. Субҳи содиқ Ватсон шикоят мекунад, ки ҳамин шаб аз соати 2 то 3 чанд нафар деворҳои хуҷраро тақ-тақ зада хобравӣ намонданд. Ва тааҷҷуби ҳамроҳашро дида, мепурсад:
– Аз афташ шуморо ҳам хоб набурд, устод?
– Не, хушбахтона, тақ-тақи ҳамсояҳо ба вақти ғижакнавозии ман рост омад, – мегӯяд Холмс.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
БА ШАРОФАТИ МУСИҚӢ МАРДИ ФАЛАҶГАРДИДА ШИФО ЁФТ
Моҳи июни соли 2022 Иен Палмери 71-соларо аломоти (синдром) нодири Гийен-Барр сахт таъсир намуд, ки қариб фалаҷ гардад. Пирмард ҳафт моҳ дар бемористон бистарӣ шуд ва аз гап задану роҳ рафтан монд. Хушбахтона, ба шарофати терапеяи мусиқавӣ, ки аз тарафи табибони маркази ёрии неврологии «Sue Ryder» тавсия шуд, Палмер дар худ оҳиста-оҳиста беҳбудиро эҳсос мекард.
Духтурон ба Палмер сурудхониро ёд доданд ва бо ёрии пластинаҳои мусиқии дӯстдоштааш тавсия намуданд, ки сурудхониро идома диҳад. Палмер худ инро дӯст намедошт ва иҷборан хост, ки онро истифода барад. Ҳар шаб мусиқиҳои дуэти амрикоии The Carpenters-ро гӯш мекард ва пайваста беҳтаршавии саломатиашро эҳсос менамуд. Билохира, боз аз нав роҳ гаштану гап заданро барқарор кард ва рӯзе 3 км роҳ мегашт. Ҳамин тавр, таърихи Иен Палмер моро хотиррасон менамояд, ки мусиқӣ на танҳо руҳнавоз ва оромбахш аст, балки усули босамари мубориза бо бемориҳои зиёд мебошад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ФАРОМӮШХОТИРИИ МОДАР ВА АШКИ ПИСАР
Дигар тоқатам намонд. Ҷомадони модарамро бас-таму роҳи хонаи пиронсолонро пеш гирифтам.
Модарам гуфт: – Писарам, қавл медиҳам, ки дигар бе озор мешинам. Бигзор, нараваму дар хумори набераҳоям насӯзам. Бо ҳамсарат ҳам кор намегирам. Аслан, дигар ҳарфе намезанам...
Гуфтам: – Модар, ту гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ шудаӣ, ба зудӣ ҳамаро аз ёд мебарориву боз ҳамааш аз сар оғоз мешавад.
Гуфт: – Писарам, шояд ман фаромӯшхотир шудаам, қабул, аммо ту чӣ? Ту чаро ҳамаро фаромӯш кардаӣ?
Хиҷолат кашидам. Кӯдакӣ, ҷавонӣ ва он ҳама ишқу муҳаббати бепоёнаш пеши чашм омад. Гиря гулугирам шуд. Ба хонаи пиронсолон занг зада гуфтам, ки модарро намебарам. Дар ин лаҳза тавони нигоҳ ба табассуми хушҳолона, ки дар чеҳраи пурожангаш пайдо шуда буд, надоштам. Дастони пажмурдаву нотавонашро бӯсида гуфтам: – Маро бубахш, модар, ин ҳамаро фаромӯш соз.
Ашкҳоямро бо як гӯшаи рӯймолаш пок карду гуфт: – Чиро бубахшам, писарам? Аллакай, чизе дар ёдам нест.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР