Барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пахтакорони ноҳияи Ёвон уҳдадор шуда буданд, ки аз майдони 10485 гектар ба хирмани Ватан 22 ҳазору 100 тонна пахта супоранд. Дар натиҷаи заҳмати ҳаррӯза, истифодаи техникаи замонавии кишоварзӣ, риояи меъёрҳои обёрӣ ва нуридиҳӣ, деҳқонони ботаҷриба тавонистанд барои рӯёндани ҳосили дилхоҳ заминаи устувор гузоранд. Дар натиҷа ин киштаҳо хеле борвар гардиданд.
Чи тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Мирзоалӣ Азизов ба воситаи телефон иброз дошт, ҷамъоварии пахта аз моҳи август оғоз гардид ва нақшаи солона дар даҳаи аввали моҳи октябр ба иҷро расид. То 7-уми октябр, Рӯзи ҷаҳонии пахта, 22 ҳазору 268 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 16 ҳазору 886 тонна зиёд аст. Аз ин ҳисоб 2670 тоннааш бо комбайнҳои пахтачин ҷамъоварӣ гардид. Иҷрои нақша 100,76 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар оростани хирмани бошукӯҳи «тиллои сафед» саҳми хоҷагиҳои деҳқонии шаҳраки Ҳаёти Нав, деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова, Даҳана, Норин, Обшорон, Ситораи Сурх, Чоргулу саҳмдорон назаррас аст ва ҳамаи онҳо аз иҷрои уҳдадориҳои худ сарбаландона баромаданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба пешқадамон туҳфаҳои арзанда тақдим гашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСҲО ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН” ТАТБИҚ МЕШАВАНД
Дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати ҳафтум, Созишнома дар бораи тартиби таъсис ва иҷрои буҷети котиботи Қолаби “Осиёи Марказӣ – Чин” баррасӣ гардид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, зимни баррасии Созишномаи мазкур иброз дошт, ки иштироки Тоҷикистон дар маблағгузории буҷети котиботи мавриди назар барои таъмини фаъолияти муназзами он ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки кишвари мо дар татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои дар доираи фаъолияти Қолаби “Осиёи Марказӣ – Чин” амалишаванда фаъолона иштирок намояд, инчунин, ҳамкориҳои судманди минтақавӣ ва байналмилалиро ба роҳ монад.
Зикр шуд, ки мутобиқи Созишномаи мазкур ҳиссагузории Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин қолаби шарикӣ 60 фоиз ва дигар давлатҳои иштирокчии он, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, 10-фоизиро ташкил менамояд. Ҳаҷми маблағи буҷети шарикии мазкур барои соли 2026 2 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардида, ҳиссаи Тоҷикистон 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт мегардад.
– Созишномаи зикршуда аз 13 модда ва як замима иборат буда, заминаи ҳуқуқиро дар таҳия ва иҷрои буҷети котиботи Қолаби “Осиёи Марказӣ – Чин” мегузорад, – гуфт Ғиёсиддин Ашурзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори бахши муассисаҳои молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия Георгий Орлов мулоқот намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, баён дошт, ки сарфи назар аз сатҳи баланди номуайянии иқтисодӣ дар минтақа нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар муътадил боқӣ мемонанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахши молиявӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаҳои соҳибкории хурду миёна, занони соҳибкор, ҷавонон, ташаббусҳои “иқтисоди сабз”, ҳамчунин, рушди бозорҳои молияву сармоя ва такмили механизми самараноки сиёсати пулию қарзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар суҳбат, инчунин, оид ба рушди бозори суғуртаи мамлакат табодули назар сурат гирифта, қабули Стратегияи рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 заминаи муҳим барои ислоҳот ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардондани соҳа дониста шуд. Зикр гардид, ки ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин самт ба тақвияти иқтидори идораи назорати суғуртавӣ ва татбиқи намудҳои хизматрасонии суғуртавӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо барои идомаи татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва рушди устувори низоми молиявии кишвар омодагии худро изҳор доштанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”