Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 23-юми сентябри соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ таъкид карда, изҳор доштанд, ки татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд.
Дарвоқеъ, ҳоло истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки роҳандозии босамари он барои амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор масъулони кишварҳои дунёро дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба ҳам овардааст.
Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ, зимни мубоҳисаи кушоди сатҳи баланд дар Шурои амнияти СММ иброз дошт, ки зеҳни сунъӣ ҳаёти ҳаррӯза, фазои иттилоотӣ ва иқтисоди ҷаҳонро тағйир дода, ба амнияти байналмилалӣ таъсиргузор аст.
Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг бо пешниҳод намудани қабули қатъномаи махсус зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” саҳми мунир дорад.
Дар робита ба қабули ин қатънома, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми СММ иброз доштанд: “Итминон дорам, ки қатъномаи 25-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмаи умумӣ қабулгардида ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хидмат хоҳад кард”.
Қобили зикр аст, ки бо мукаммал гардидани технологияҳои рақамӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, бахусус ҷиноятҳои киберӣ, низ меафзоянд.
ЗЕҲНИ СУНЪӢ БАРОИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?
Вобаста ба ин, Антониу Гутерриш дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ иброз дошт, ки зеҳни сунъӣ метавонад ба пешгирии муноқишаҳо ва ҳифзи аҳолӣ аз даргириҳо, аз ҷумла барои муайян кардани хуруҷи эҳтимолии низоъҳо кумак расонад. Ғайр аз ин, зеҳни сунъӣ дар поксозӣ ва бартараф намудани минаҳо мусоидат мекунад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки бо вуҷуди осон намудани кор дар самти бартарафсозии силоҳҳои тарканда, зеҳни сунъӣ метавонад хатарзо бошад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо зеҳни сунъӣ, аллакай, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона истифода мешавад.
Аз ҷумла, ҳамлаҳои киберӣ, ки бо истифодаи зеҳни сунъӣ фаъол мешаванд, метавонанд сохторҳои муҳими давлатиро дар давоми чанд дақиқа нобуд кунанд ё фаъолияти онро халалдор созанд. Илова бар ин, қобилияти тақаллубкорӣ ва коркарди наворҳои аудио ва видео ба дурустии иттилоот таҳдид мекунад ва ин раванд метавонад буҳронҳои дипломатиро ба вуҷуд орад.
ЗЕҲНИ СУНЪӢ, АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА НАҚШИ ШУРОИ АМНИЯТ
Яке аз ҳадафҳои асосии мубоҳисаи кушоди Шурои амният коҳиш додани хатарҳои марбут ба истифодаи зеҳни сунъӣ ва ба ҳадди аксар расондани манфиатҳои он дар заминаи сулҳу амнияти байналмилалӣ бо назардошти нақши эҳтимолии Шурои амният дар ин раванд мебошад.
– Шурои амният ва кишварҳои узви СММ бояд кафолат диҳанд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ пурра ба қонунҳои байналмилалӣ ва Оинномаи СММ мувофиқат кунад, – изҳор дошт, Антониу Гутерриш.
Коршиносон андеша доранд, ки тақдири инсониятро ба ихтиёри зеҳни сунъӣ гузоштан мумкин нест. Шахсони масъул бояд ҳамеша назорат бар лоиҳаҳои ҳаётан муҳимро, ки бо истифодаи зеҳни сунъӣ роҳандозӣ шудаанд, дар ихтиёри хеш дошта бошанд.
ЗЕҲНИ СУНЪӢ МЕТАВОНАД ИНСОНИЯТРО ЗЕРИ ХАТАР ГУЗОРАД?
Бо назардошти пешравиҳои назаррас дар рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, ки амнияти байналмилалиро ҳам тақвият ва ҳам халалдор мекунанд, аъзои Шурои амният вақтҳои охир ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд. Доир ба ин масъала чанде пеш сеюмин ҷаласаи расмии Шурои амнияти СММ баргузор гардид.
Зимни ҷаласаи мазкур Йошуа Бенгио, профессори Донишгоҳи Монреал, ҳушдор дод, ки инсоният дар ҳоли ҳозир доир ба идора кардани системаҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ дониши мукаммал надорад, ки ин дар ояндаи наздик мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин, Бенгио изҳор медорад, ки инсоният набояд худро пурра ба зеҳни сунъӣ мутеъ гардонад, зеро дар натиҷа аз тобеияти зиёд ба зеҳни сунъӣ, беихтиёр фаъолияти одамон зери идораи алгаритмҳо қарор мегирад.
Бо назардошти хатарҳои ҷойдошта дар рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва оқибатҳои ногувори он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои ҷаҳонро ба истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ даъват намуданд.
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат истифодаи самараноки зеҳни сунъиро барои бехатарии мардумони сайёра салоҳи кор медонанд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”