Баргашт Чоп кардан

ПАНҶАКЕНТ. ЗАМИНҲОИ ТАШНАЛАБ ШОДОБ МЕГАРДАНД


Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дар деҳоти Косатарош корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд.
Аз ҷумла, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва сармоягузории корхонаи муштараки “Зарафшон” дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон канал ва пойгоҳҳои обкашӣ дар деҳаи Косатарош барқарор мешаванд.
Тавре Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент, зимни боздид аз оғози корҳои барқарорсозӣ изҳор дошт, бо таҷдиди собиқ канали Чертук дар масофаи 1,5 километр, бунёди ҳавзҳои обнигоҳдорӣ, таъмири асосии пойгоҳи обкашии “Дашти калон-1” ва насби пойгоҳи обкаши нав беш аз 200 гектар замин обёрӣ карда мешавад.
Барои ин корҳо, ки аз ҷониби паймонкор ҶДММ “Файзи кӯҳистон” анҷом дода мешавад, корхонаи муштараки “Зарафшон” се миллион сомонӣ ҷудо намудааст.
Дар назар аст, ки баҳори оянда деҳқонон дар ин заминҳо ба киштукор ва бунёди боғ шуруъ хоҳанд кард.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”