Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. ҲАРАКАТИ ЭЛЕКТРОСАМОКАТҲО ВА ЭЛЕКТРОСКУТЕРҲО ТО СОЛИ 2030 МАНЪ ШУД


Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ (ба истиснои воситаҳои ба қайди давлатӣ гирифташуда) дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсус муайяншуда, то соли 2030 муваққатан манъ карда мешавад.

Қарори мазкур бо мақсади танзими фаъолияти бенизоми электросамокатҳо ва электроскутерҳо, коҳиши садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, пешгирии халал расондан ба ҳаракати муътадили нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард қабул гардидааст.
Ин тасмим то фароҳам овардани шароити зарурии инфрасохторӣ идома хоҳад ёфт.
Дар ин замина, аз шаҳрвандон, хусусан волидони ноболиғон, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки фарзандонро бе назорат нагузоранд ва аз истифодаи воситаҳои манъшуда худдорӣ намоянд.

Дар ин бора нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шаҳбоз Саидзода ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» маълумот дод.

Ба иттилои Ш.Саидзода, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки ронандагони скутерҳо ва худравҳои барқӣ (самокат) 26 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи чунин қоидавайронкуниҳо, мутаассифона, 3 нафар ҷон бохта, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии рух додани чунин садамаҳо, пеш аз ҳама, беэҳтиётӣ, риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳаракат бо суръати баланд, баромадан ба самти муқобил ва идора намудани скутерҳо аз ҷониби наврасону ноболиғон ба шумор мераванд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”