Чанд сол боз дар атрофи номувофиқатии ҳисоботҳои оморӣ ба вазъи ҳақиқии истеҳсолот дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва воҳидҳои сохтории он баҳс меравад. Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар машварати назоратӣ зикр кард, ки нисбат ба омори пешниҳоднамудаи идораву муассисаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят назари интиқодӣ дорад. Махсусан, ба ҳисоботи омории соҳаи кишоварзӣ эътимод кам аст. Раиси вилоят аз масъулони соҳа пурсон шуд, ки чаро ҳисобот бозгӯи ҳақиқат нестанд?
Солҳои пеш назар ба ҳисоботи оморӣ, гӯё дар вилоят дар як сол 52 ҳазор тонна картошка истеҳсол мешуд. Ман ба ин рақамҳо шубҳа доштам ва ин шубҳаи ман асос ҳам дорад, зеро дар чунин майдони замини зери кишти картошка ва обу ҳавои кӯҳистони Бадахшон истеҳсоли ин миқдор картошка ғайриимкон аст. Соли 2020 бошад, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Вилоят дар ҳисобот истеҳсоли 24 ҳазор тонна картошка нишон дода шуда буд, ки ба назарам, ин ҳам ба ҳақиқат мувофиқ намеояд. Зеро тавре мушоҳида мекунем, заминҳои кишт бештар зери алаф банд шуда мондаанд. Чаро ҳол чунин аст? – мепурсем ва масъулони соҳа баҳона пеш меоранд, ки “ба мақсади таъмини чорво бо алаф дар қисми заминҳо юнучқа корида мешавад”. Вале дар асл заминҳои зери кишти юнучқа ҳам кайҳо аз истифода баромада, бештар ба марғзор табдил ёфтаанд. Дар деҳот хоҷагиҳои алоҳида заминҳояшонро ба касони дигар вогузор карда, худашон дар муҳоҷират қарор доранд. На ҳамаи ин заминҳо имрӯз мақсаднок истифода мешаванд.
– Мо дар ноҳияи Мурғоб боғи ангату хуч, қот ва беду сафедор бунёд кардем, – гуфт раиси вилоят. – Ниҳолҳои порсол шинондаамон сабз шудаанд. Имсол майдони боғро васеъ кардем. Дар назди ҳар як идораву муассиса ниҳол шинонда шуд. Картошкакориро ҳам бо ёрии мутахассисони соҳа дар ноҳия ташкил менамоем. Аллакай, тухмии картошка омода шудааст ва бо фаро расидани мавсими кишт дар ин ноҳияи баландкӯҳ ба кор шуруъ мекунем.
Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба заминсозӣ, Мирзонабот Алишер Худобердӣ кумитаи идораи замини вилоятро супориши қатъӣ дод, ки аз рафти истифодаи замин дар ноҳияҳои вилоят пайваста назорат бурда, ба он мусоидат намояд, ки майдони кишти картошка васеъ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин таъмин гардад. Ҳоло ки дер нашудааст, бояд тамоми қувваро ба он равона намуд, то майдони кишти картошка дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа васеъ карда шавад. Вазъияти истифодаи замин дар ҷамоатҳои деҳоти Веру Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон низ, беҳбудӣ металабад.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ҳамчунин, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки вақтҳои охир эътирози мақомоти прокуратура нисбат ба қарорҳои раисони ноҳияҳо вобаста ба ҷудокунии заминҳо барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва амсоли ин зиёд шудааст, ки ин ҳам аз сатҳи пасти донишҳои тахассусии масъулони соҳа дарак медиҳад. Зеро тамоми ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмон мутахассисони бахши замини ин ё он ноҳия омода намуда, барои баровардани қарор ба раис пешниҳод мекунанд. Пас, чаро мақомоти прокуратура дар ин қарорҳо камбудӣ ошкор ва ба онҳо эътироз менамоянд?
Раиси вилоят таъкид кард, ки индикатори боэътимоди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ, аз ҷумла картошка, ин бозори маҳал аст. Дар ҳоли ҳозир афзоиши нарху наво дар бозорҳои вилоят, махсусан шаҳри Хоруғ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли картошка дар хоҷагиҳои вилоят қонеъкунанда нест. Агар дар вилоят ба миқдори кифоя картошкаву дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мегардид, нарху наво ин қадар боло намерафт, дар бозор маҳсулоти воридоти кам мешуд, ба картошкаи покистонӣ, сабзиву пиёз аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ниёз намемонд. Ин шаҳодати он аст, ки ҳисоботи оморӣ, бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳо, дар самти ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои вилоят ҳоло ҳам шубҳаовар боқӣ мемонад. Дар зимн, раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар бозори шаҳри Хоруғ нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю пиёз гарон боқӣ мемонад. Дар ин самт ба шуъбаи зиддиинҳисории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш дода шуд, ки нарху навои маҳсулотро дар нуқтаҳои савдо ҳамарӯза таҳти назорат қарор диҳанд, нархҳоро бо бозорҳои дигари ҷумҳурӣ муқоиса карда, ба он роҳ дода нашавад, ки нархи маҳсулот бе асоси воқеӣ дар нуқтаҳои савдо баланд бардошта шавад.
Дар машварат, ҳамчунин роҷеъ ба назорат аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ дар ноҳияҳои дурдаст, вазъияти техникии механизмҳои роҳсозии муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои вилоят, ҷараёни таъмири роҳҳо дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа, равшанкунонии кӯчаҳои шаҳр, киштукори баҳорӣ ибрози назар гардида, ба масъулон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо дода шуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”