Баргашт Чоп кардан

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ: САҲИФАИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОНУ МУҒУЛИСТОН


Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон қадами устувор дар самти таҳкими робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад.
Ин Ёддошт дар радифи 10 санади нави ҳамкорӣ дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-26-уми июли соли равон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом пазируфт, ба имзо расид. Ёддошти тафоҳум барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мубодилаи таҷриба ва иттилоот, ҳамчунин, ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам сохта, барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

ИҚТИДОРИ ТОҶИКИСТОНУ МУҒУЛИСТОН ДАР САМТИ САЙЁҲӢ
Тоҷикистон бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбаланд, кӯлҳои мусаффо, пиряхҳои азим, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги ғанӣ шуҳрат ёфтааст. Ин ҷо барои сайёҳии кӯҳгардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар навъҳои он шароити мусоид фароҳам аст. Шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон, аз қабили Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан, ёдгориҳои бешумори таърихиро дар худ маҳфуз дош-таанд, ки ҳаводорони зиёд доранд.
Муғулистон низ бо дашту биёбонҳои васеъ, кӯҳҳои зебо, ҳаёти бодиянишинон, осори таърихии империяи Ҷингизхон маъруф аст. Дар ин сарзамин метавон ба сайёҳии аспдавонӣ, экологӣ ва фарҳангӣ машғул шуд. Шаҳрҳои қадимаи Муғулистон, ба монанди Қарақорум ва Улан-Батор, дорои ёдгориҳои зиёде мебошанд, ки барои сайёҳон ҷолибанд.

ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК ВА ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳо дар ҳошияи сафари ҳамтои худ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва Муғулистон дар давраи баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ (1992) дар ҷустуҷӯи доимии роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳояшон қарор доштанд ва сафари давлатии Президенти муҳтарами Муғулистон ҳамчун идомаи мантиқии ин раванд арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои ин ду кишвар дар заминаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд устувор гардида, соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои умедбахши тавсеаи он ба шумор меравад. Имрӯз, бо назардошти ҷараёни рушди сайёҳӣ, зарур аст, ки муносибатҳои дуҷониба дар ин самт боз ҳам тақвият дода шаванд. Ин аст, ки дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаи сайёҳӣ хуб буда, он метавонад дар чанд самт амалӣ шавад. Нахуст, табодули таҷриба ва иттилоот дар бораи стратегияҳои рушди сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ. Дувум, ташкили хатсайрҳои муштарак, ки имкон медиҳад сайёҳон аз ҳар ду кишвар дидан намуда, бо зарфиятҳои сайёҳии онҳо шинос шаванд. Сеюм, сармоягузории муштарак дар инфрасохтори сайёҳӣ, аз қабили бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои фароғатӣ ва беҳтар намудани роҳу нақлиёт дар ҷойҳои дурдаст. Ҳамчунин, барои ҷалби сайёҳон аз дигар кишварҳо таҳияи барномаҳои муштараки таблиғотиву маркетингӣ, ба монанди намоишгоҳҳои байналмилалӣ, конфронсҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ, аз манфиат холӣ нахоҳанд буд.
Ҳамин тариқ, табодули таҷриба, содагардонии раводид, ташкили хатсайрҳои муштарак ва таблиғи васеи имкониятҳои сайёҳии ҳар ду кишвар метавонанд на танҳо боиси афзоиши гардиши сайёҳӣ дар минтақа ва рушди иқтисодиёти ин кишварҳо гарданд, балки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии халқҳои онҳо мусоидат намоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»