Баргашт Чоп кардан

Путин бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд


Мир 24. Президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ озими Тоҷикистон шуд. Президенти Русияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
Ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф ороста, парчамҳои ҳар ду мамлакат афрохта шуданд. Душанбе ҳамчун рамзи меҳмоннавозӣ гулпӯш шуд.
Дар соли ҷорӣ ин чаҳорумин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аст. Изҳороти муштараки сарварони давлатҳо, инчунин, як бастаи муҳими асноди байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ барои имзо омода шудаанд. Путин, ҳамчунин, дар ҳамоиши «Россия – Осиёи Марказӣ» ва ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳад кард.


Исроил ва ҲАМОС марҳалаи аввали тарҳи сулҳи Доналд Трампро ба имзо расонданд

Синхуа. Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар шабакаи иҷтимоии Truth Social эълон кард, ки Исроил ва ҲАМОС марҳалаи аввали тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи ӯро имзо намуданд. "Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи гаравгонҳо ба зудӣ раҳо хоҳанд шуд ва Исроил неруҳои худро ба хатти мувофиқашуда ҳамчун қадамҳои аввал ба сӯи сулҳи қавӣ, пойдор ва абадӣ берун хоҳад кашид", – навиштааст Трамп. Ӯ ба миёнаравон аз Қатар, Миср ва Туркия барои ин рӯйдоди таърихӣ ва бесобиқа изҳори сипос кард.
Доналд Трамп дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, ки шояд охири ҳафта ба Ховари Миёна сафар намояд.


Лағви талаботи ҳатмии ҳиҷоб дар Эрон

CentralAsia (CA). Эрон талаботи ҳатмии ҳиҷоб барои занонро лағв кард. Дар ин бора Муҳаммадризо Боҳунар, узви Шурои арзёбии ҳадафҳои Эрон, ба хабарнигорон чунин изҳор дошт: "Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва додгоҳӣ, лоиҳаи қонуни ҳиҷоб дигар қобили иҷро нест. Дар Эрон дигар уҳдадории қонунӣ барои пӯшидани ҳиҷоб вуҷуд надорад ва он ҳеҷ гуна ҷарима, муҷозот ва дигар пайомадҳои ҳуқуқӣ нахоҳад дошт ва агар мушкилоте ба миён ояд, ба полис ҳамин чизро бигӯед”.
Қаблан, Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён низ аз истифодаи зӯр барои иҷрои қонуни ҳиҷоб изҳори назар карда, гуфта буд, ки бо зӯрӣ мардумро ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур кардан, ғайриимкон аст, ҳамчунон ки дар гузашта бо истифода аз ин гуна шеваҳо маҷбур кардани онҳо ба пӯшидани ҳиҷоб ғайриимкон буд.


Путин дар Тоҷикистон бо Алиев мулоқот мекунад
RGRU. Президенти Русия Владимир Путин 9-уми октябр дар Душанбе бо Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон, мулоқот мекунад. Дар ин бора котиби матбуоти Президенти Россия Дмитрий Песков ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Ба ҷуз аз барномаи қаблан эълоншудаи сафар ба Тоҷикистон, мулоқоти раҳбарони Россия ва Озарбойҷон Владимир Путин ва Илҳом Алиев баргузор мешавад», – гуфт сухангӯи Кремл. «Роҳбарон равобити дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард. Ин масъалаи асосии рӯзномаи муносибатҳои мост», – таъкид кард Песков.
Ба гуфтаи ӯ, худи далели баргузории мулоқот аз нияти раҳбарони ду кишвар барои баррасии тамоми масоили мубрам шаҳодат медиҳад. Песков афзуд, ки ҷониби Россия ба ин мулоқот назари мусбат дорад.

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон фармонро дар бораи такмили густурдаи дастгоҳи давлатӣ имзо кард. Дар ояндаи наздик дар вазорату идораҳои кишвар беш аз ду ҳазор мақоми роҳбарикунанда ихтисор хоҳад шуд. Ин ҳама ба хотири баланд бардоштани самаранокӣ ва гузариш ба идоракунии рақамӣ мебошад. Чунонки дар ҳуҷҷат зикр мешавад, рақамикунонӣ, автоматикунонии равандҳо ва ҷалб намудани бахши хусусӣ ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ зарурат ба баъзе кадрҳои роҳбарикунанда намемонад.
Gazeta.ru. Бино ба иттилои Reuters, дар биёбони хушктарини ҷаҳон – Атакамаи Чили, гулҳо шукуфтаанд. Дар нимкураи ҷанубӣ давраи аз сентябр то ноябр баҳор ҳисоб мешавад, бинобар ин, сабзпӯш шудани ин минтақаи хушк ба тағйирёбии фаслҳо алоқаманд аст. Бо вуҷуди ин, шукуфтани гул дар Атакама як падидаи нодир аст, ки дар якчанд сол як маротиба рух медиҳад ва танҳо дар сурати боридани борон дар биёбон, чунонки имсол рӯй дод.
BBC. Қасри Елисей дирӯз эълон кард, ки Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар давоми 48 соат сарвазири нав таъин мекунад ва пешниҳодҳоро дар бораи баргузории интихоботи нав рад кард.