Баргашт Чоп кардан

Таъсиси КВД «Почтаи Тоҷикистон»


Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябр «Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», КВД «Почтаи тоҷик», «Алоқаи махсус» ва «Маркази марка» муттаҳид шуда, КВД «Почтаи Тоҷикистон» таъсис ёфт.
Дар Хадамоти алоқа ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки таъсиси ин корхона тибқи таҷдиди сохторӣ ва бо мақсади рушди ҳамоҳангу самараноки бахши муросилоти мамлакат амалӣ гардид.


Мулоқоти сафир бо вазири сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо вазири сармоягузории Аморот Муҳаммад Ҳасан ас-Сувайдӣ баргузор гардид.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои калидии ҳамкорӣ, бахусус ҷалби сармояи мустақим ва ғайримустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ табодули назар карда, баргузории даври навбатии Форуми байналмилалии сармоягузории Душанберо барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуданд.


Таҷҳизоти нави озмоишӣ ба Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таҷҳизот ва лавозимоти озмоишӣ ворид гардид.
Тавре дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ин таҷҳизот, ки ба ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти обӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим равона шудааст, дар доираи ҳамкории байналмилалӣ амалӣ гардида, ба рушди илмҳои марбут ба муҳити зист ва криосфера мусоидат мекунад.


Ансамбли давлатии «Фалак» дар Ҷашнвораи «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг»
Дастаҳои ҳунарии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷашнвораи фарҳангии кишварҳои Осиё таҳти унвони «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг», ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид, ҳунарнамоӣ карданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад, ки аз кишвари мо дар ин чорабинӣ Ансамбли давлатии «Фалак» иштирок намуд. Таъкид мешавад, ки суруду таронаҳои пурмазмун ва оҳангҳои ҷаззоби ҳунармандони тоҷик писанди тамошобинони сершумори Корея гардиданд.