Дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, Созишнома оид ба ворид намудани тағйиру иловаи №1 ба Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва обпартои шаҳри Кӯлоб” баррасӣ гардид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи мазкур иброз дошт, ки ҳадафи асосии лоиҳа барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ ва обҳои корезӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардондани вазъи санитарию экологии шаҳри Кӯлоб мебошад.
Зикр шуд, ки тибқи Созишномаи пешниҳодшуда барои амалӣ намудани корҳои иловагӣ, ки ҳадаф аз он фарогирии бештари аҳолии шаҳри Кӯлоб ба хизматрасониҳои дар лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва обпартои шаҳри Кӯлоб” пешбинишуда мебошад, аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 1,5 миллион евро маблағи қарзӣ ҷалб карда мешавад.
Иттилоъ доданд, ки барои татбиқи лоиҳа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 2-юми марти соли 2021 созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба маблағи умумии 15 миллион евро ба имзо расонда шудааст, ки аз он 7,5 миллион евро маблағи қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 7,5 миллион евро маблағи грантии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ҳамчунин, бо ин мақсад аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 миллион евро ҷалб карда шудааст.
– Тавассути маблағгузории иловагии мазкур шумораи умумии истифодабарандагони об дар шаҳри Кӯлоб аз 78 ҳазор то ба 126 ҳазор нафар зиёд мегардад, – гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
МАКТАБ. МАКОНЕ, КИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ КАМОЛ МЕЁБАД
Бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шиносоии насли наврас бо шароити хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дар қисми ҳарбии N-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушода баргузор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Конибодом, дар чорабинӣ беш аз 500 нафар хонандаи синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуда, бо зиндагии сарбозон ва низому шароити хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти муосири низомӣ, тартиботи қисми низомӣ, синфхонаҳои таълимӣ, машқҳои амалӣ ва низоми тарбияи сарбозон ошноӣ пайдо карданд. Бо чашми худ диданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Зимни суҳбат бо хонандагон аскарону афсарон зикр намуданд, ки ташкили чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, омодагии равониву ҷисмонии насли наврас ба хизмати ҳарбӣ таъсири назаррас дорад.
Қисми зиёди хонандагон иброз намуданд, ки пас аз хатми мактаб омодаанд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваста, қарзи муқаддаси худро дар назди Ватан сарбаландона адо намоянд.
Ташкили рӯзи дарҳои кушода дар қисмҳои ҳарбӣ яке аз роҳҳои муассири татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар самти тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва таъмини омодагии насли наврас ба ҳифзи Ватан маҳсуб мешавад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”