Таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи кабудизоркунӣ имрӯз ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати давлатии экологӣ шинохта мешавад. Ин иқдоми нек, ки Пешвои муаззами миллат онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, на танҳо ба шаҳру деҳот ҳусни тоза мебахшад, балки барои беҳдошти вазъи экологии мамлакат, тозагии ҳаво ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Бо ин мақсад, дар Тоҷикистон Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 амалӣ мегардад, ки ҳадаф аз он коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, беҳтар намудани сифати ҳаво, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва барқарорсозии мувозинати табиат мебошад. Татбиқи Барнома марҳала ба марҳала, бо нақшаҳои мушаххас, аз ҷумла ниҳолшинонӣ дар канори роҳҳо ва шаҳрҳо, ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, дар се соли аввал дар масоҳати 2180 гектар ниҳолхонаҳо ташкил гардида, то соли 2040-ум 2 миллиард бех дарахту буттаҳо шинонда, парвариш мешаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ то 100 дарсад коҳиш ёбанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф дорад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, соли 2025, дар доираи татбиқи Барнома, аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 3 миллиону 100 ҳазор бех ниҳол шинонда шудааст, ки ин 105 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳукумат бо ташаббусҳои созандаи худ, ният дорад, ки Тоҷикистонро ба як кишвари сабз ва дорои «иқтисоди сабз» табдил диҳад. Ба ин, пеш аз ҳама, истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, идомаи сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои алтернативии энергия, аз қабили барқи бодӣ ва офтобӣ, мошинҳо ва автобусҳои барқӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин росто, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диққати хосса ба ташаккули фарҳанги экологӣ дар ҷомеа рӯ оварда, тавассути барномаҳои таълимию маърифатӣ ҳар як фардро ба муносибати эҳтиёткорона бо табиат ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист ҳидоят менамояд.
Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои шарик робитаҳои мутақобилан судмандро таҳким мебахшад. Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва бахши хусусӣ ба лоиҳаҳои экологӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Бо итминони комил метавон изҳор дошт, ки ташаббусҳои экологӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист на танҳо ба беҳбудии вазъи экологии кишвар мусоидат мекунад, балки барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳ мекушояд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»