Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ВА ПАЁМИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Дар таърихи муосири инсоният ҳар суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар баробари ифодаи мавқеи як давлат, ҳамчун паёми умумӣ ба ҷаҳониён низ арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир бо ташаббусҳои созанда, хусусан дар соҳаи дипломатияи об ва мубориза бо мушкилоти иҷтимоӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад.


Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ рӯзи 23-юми сентябри соли 2025 боз ҳам мақому манзалати Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори фаъол ва боэътимоди ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ собит сохт. Ин суханронӣ бо мазмуну моҳияти баланди иҷтимоӣ ва глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқбол ёфт. Зеро ҳар сухан ва пешниҳоди Роҳбари давлат на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба фоидаи кулли инсоният садо дод.
Мавзуъҳои бардошташуда, аз адолати иҷтимоӣ то амнияти глобалӣ, аз тағйирёбии иқлим то муҳоҷират, аз ҳуқуқи инсон то рушди устувор гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҳеҷ гоҳ танҳо ба доираи манфиатҳои миллӣ маҳдуд намешавад. Баръакс, Пешвои миллат бо дидгоҳи васеъ ва оянданигар масъалаҳоро дар сатҳи умумибашарӣ матраҳ месозанд.
Имрӯз инсоният дар давраи пуртаззод зиндагӣ мекунад, яъне, аз як тараф пешрафтҳои технологӣ ва аз ҷониби дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасанд. Ҷангҳо, ифротгароӣ, камбизоатӣ, нобаробарӣ, мушкилоти экологӣ ва муҳоҷират даҳсолаҳо боз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд. Дар чунин шароит, суханони Пешвои миллат ба ҳайси як ҳушдор ва, ҳамзамон, роҳнамо садо доданд, ки ҷаҳон наметавонад бо тақсимшавӣ ва ихтилоф роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо кунад. Танҳо бо ҳамбастагӣ ва масъулияти умумибашарӣ метавон адолати иҷтимоиро таъмин намуд.
Нишотбахш аст, ки Тоҷикистон солҳои охир бо як қатор ташаббусҳои беназир дар сатҳи СММ шинохта шудааст. Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва конфронсҳои об, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон баргузор гардиданд, имрӯз ба воситаи асосии ҳамкории кишварҳо дар самти идоракунии захираҳои об табдил ёфтаанд.
Суханронии имсола низ ба ҳамин анъана пайваст шуд. Президенти кишвар дар баробари масъалаи адолати иҷтимоӣ, аз зарурати ҳалли мушкилоти об, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастгирии қишрҳои осебпазир ёдовар шуданд. Ин ҳама мавзуъҳо дар асл решаҳои иҷтимоӣ доранд ва ба некуаҳволии инсонҳо вобастаанд.
Пешвои миллат бо далел таъкид намуданд, ки нобаробарӣ ва камбизоатӣ яке аз сабабҳои асосии ноустуворӣ дар ҷаҳон аст. Тоҷикистон бо таҷрибаи худ дар барномаҳои давлатӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ки дар солҳои охир натиҷаҳои назаррас додааст, омода аст бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаро мубодила кунад.
Дар баробари ин, масъалаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он дар Осиёи Марказӣ, махсусан барои Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва дорои пиряхҳои азим мебошад, ҳаётан муҳим аст. Пешвои миллат бо далелҳои илмӣ нишон доданд, ки обшавии пиряхҳо фақат мушкили сатҳи маҳаллӣ нест, балки таҳдиди глобалӣ мебошад. Агар ба таҷрибаи дигар кишварҳо назар афканем, мебинем, ки аксари давлатҳо бештар ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ таваҷҷуҳ доранд. Аммо Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари дурнигари худ ин мавзуъҳои мубрамро дар сатҳи глобалӣ масъалагузорӣ мекунад.
Пешвои миллат боз як нуктаи муҳимеро таъкид карданд: «Дар чунин шароити мураккаб ва тағйирёбанда нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад». Ин мавқеъ даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки аз риояи меъёрҳои байналмилалӣ дур нашаванд. Имрӯзҳо нодида гирифтани қонунҳои байналмилалӣ ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба нооромӣ оварда истодааст. Пешвои миллат бо ишораи возеҳ пешниҳод намуданд: «Бо дарки амиқи ин воқеият, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад».
Ин ташаббус аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад, зеро маърифати ҳуқуқӣ метавонад ҷавҳари адолат, шаффофият ва масъулиятро дар ҷомеаҳои муосир тақвият бахшад.
Яке аз қисматҳои муҳими суханронӣ ба адолати иқтисодӣ ва дастгирии кишварҳои рӯ ба рушд бахшида шуд. Пешвои миллат таъкид карданд: «Тоҷикистон аз ислоҳоти муассир ва одилонаи василаҳои молиявии байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад».
Дар ҷаҳоне, ки сатҳи нобаробарии иқтисодӣ рӯз ба рӯз меафзояд, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки давлатҳои пешрафта ва сохторҳои молиявӣ ба кишварҳои нисбатан камтараққӣ ёрӣ расонанд: «Бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққии осебпазир, ҳамоно зери таъсири пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ… қарор доранд. Онҳо ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти дастгирии молиявӣ, аз ҷумла соқит кардани қарзҳо, ниёз доранд». Ин пешниҳоди инсонгароёна нишон медиҳад, ки Тоҷикистон манфиати умумибашариро болотар аз манфиатҳои дигар мегузорад. Дар асл, сухан аз баробарӣ, имкониятҳои воқеӣ ва ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоии кишварҳои нисбатан заиф меравад.
Тоҷикистон дар сиёсатҳои хориҷии худ ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва ҳалли масъалаю низоъҳо бо роҳи дипломатӣ будааст. Пешвои миллат таъкид намуданд: «Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад». Дар ҳамин замина, Пешвои миллат ташаббуси қаблии худро ёдовар шуданд: «Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад». Ин пешниҳод бозгӯи ниёзи ҷаҳонӣ ба сулҳи устувор аст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари шоҳиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таҷрибаи сулҳсозиро ба як модели байналмилалӣ табдил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ мавқеи усулии Тоҷикистонро дар масъалаи Фаластин ва Ховари Миёна таъкид карданд: «Бар он назарем, ки сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи “ду давлат” имконпазир аст». Ин изҳорот далолат мекунад, ки Тоҷикистон адолати байналмилалиро дастгирӣ намуда, бо пуштибонии қонунҳои умумибашарӣ сухан мегӯяд. Дар масъалаи Афғонистон низ Пешвои миллат мавқеи возеҳро баён доштанд, ки он ҳам кумаки башардӯстона, барқарории субот ва рушди иҷтимоӣ мебошад.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид нишон дод, ки Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлате бо андешаҳои стратегӣ ва инсондӯст шинохта шудааст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақт ба чунин паёмҳо эҳтиёҷ дорад. Ин паём аз кишваре бармеояд, ки арзишҳои инсондӯстӣ, адолатмеҳварӣ ва таҷрибаи сулҳро омӯхта, ба ҷаҳон пешниҳод мекунад. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар ин ҷода намунаи ибрат гаштааст.
Ифтихоровар аст, ки суханронии Президенти Тоҷикистон дар толори СММ бо истиқболи гарму самимии намояндагони кишварҳои мухталиф рӯ ба рӯ гардид, зеро пешниҳоди Роҳбари давлат ба мушкилоти воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ посух медод.
Имрӯз метавон гуфт, ки Пешвои миллат муаррифгари манфиатҳои кулли инсоният дар арсаи байналмилалӣ ҳастанд. Ҳар як пешниҳоди эшон бо ҳадафи беҳбуд бахшидан ба шароити зиндагии мардум, новобаста ба миллат, дин ё ҷойи зист, садо медиҳад.
Пешвои миллат дар суханронии худ бо далелҳои муътамад нишон доданд, ки масъалаҳои иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоӣ омили калидии сулҳу суботи ҷаҳонӣ мебошанд. Агар давлатҳо ба ин паём аҳамият диҳанд ва онро амалӣ намоянд, ҷаҳони мо, бешубҳа, ба самти ҷомеаи мутамаддин ва башардӯст пеш хоҳад рафт.
Пешниҳодҳои Пешвои миллат, ки бар пояи инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ қарор доранд, метавонанд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳнамо хизмат кунанд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», номзади илмҳои филология