Тайи солҳои охир саҳми соҳибкорон дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ бештар мегардад. Онҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободу зебо намудани диёр ва рушди инфрасохтори маҳал саҳм мегузоранд. Дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Ванҷ, бо дастгирии соҳибкор Воҳид Искандаров парки саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт ва дар он маҳсулоти аввалия истеҳсол мегардад. Корхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, барқро кам масраф менамояд ва тамоми маҳсулоти хоҷагии қишлоқи ноҳияро коркард мекунад.
Парки саноатӣ иборат аз 6 корхонаи хурди истеҳсолӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, тавлиди собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст.
Тавре сарвари корхона Воҳид Искандаров иттилоъ дод, дар оянда бо ба иқтидори пурра ба кор даромадан корхона метавонад, ки эҳтиёҷоти аҳолии маҳаллиро бо маводи мавриди ниёз таъмин намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки соҳибкори дигар Муфарраҳ Муҳаббатов, роҳбари ҶДММ “Рухом”, дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоии ноҳия бо бунёди сардхонаи замонавӣ, фурӯшгоҳ ва меҳмонхонаи муосир саҳм мегузорад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ноҳия бархе аз мушкилоти асосӣ ҳаллу фасл гардад. Маҳз бо дастгирии Муфарраҳ Муҳаббатов дар ноҳияи Ванҷ, дар мавзеи Ванҷи Боло маҷмааи сайёҳӣ бо тамоми шароити муосир, бо гулгашту боғистонҳо сохта шуда, қисмати соҳили дарёи Ванҷоб соҳилбандӣ гардид. Имрӯз ин маҷмаа макони дилфиребе дар саргаҳи Ванҷи Боло аст.
Чанде пеш раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда, дастур дод, ки ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон бояд шароити боз ҳам мувофиқтар муҳайё намуд, зеро дар роҳи Ванҷях бунёд намудани меҳмонхонаҳои замонавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғат ба манфиат хоҳад буд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор