Баргашт Чоп кардан

“МОҲӢ ДАР ШАСТ”. ФИЛМИ ҲУНАРИИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГИРИФТ


Тавре сомонаи «Press TV»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар медиҳад, 8-уми октябр дар маросими ҷамъбасти 37-умин Кинофестивали байналмилалии кӯдакон ва наврасони Исфаҳон, филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст”-и коргардон Муҳиддини Музаффар дар миёни садҳо филми хориҷӣ бо Ҷоизаи хоссаи котиби фестивал (Festival Director’s Special Award) қадр гардид.

Филми “Моҳӣ дар шаст” таҳияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст. Филм соли гузашта дар Кинофестивали миллии “Тоҷи Сомон” шоҳҷоиза гирифта буд.
Ҷоизаи Исфаҳон аввалин мукофоти байналмилалӣ барои ин филм ба шумор меравад. Онро метавон як қадами муҳим дар шинохти синамои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ донист.
Бояд тазаккур дод, ки рӯзҳои наздик филм дар доираи Кинофестивали байналмилалии "Тоҷи Сомон" намоиш дода хоҳад шуд.

Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”