Баргашт Чоп кардан

АЗИЗА ҶУМАЕВА. ДОНИШҶӮИ ДДҲБСТ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Азиза Ҷумаева дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», дар номинатсияи сарояндагӣ, сазовори ҷойи 1-ум ва 70000 сомонӣ гардид. Ректори Донишгоҳ Шероз Мӯъминзода ӯро табрик намуда, барояш дар оянда барору пешрафт таманно кард.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»-ро дар сатҳи баланд баргузор мекунад, ки дар натиҷа дастпарварони Донишгоҳ дар даврҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба дастовардҳои шоёну назаррас ноил мегарданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора аз шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ хабар доданд.

“Ҷумҳурият”