11-уми октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи «Ҷунтай – Данғара – Синсилу» дидан намуда, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам иштирок ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим кард.
Ёдовар мешавем, ки пахтакорони ноҳияи Данғара то 11-уми октябр 10 ҳазору 700 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро 100 дарсад иҷро карданд. Деҳқонони ноҳия азм доранд, ки бо меҳнати софдилона то охирин кӯраки пахтаро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид зарурати истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, таъмини саривақтии обёрӣ ва тавсеаи заминҳоро таъкид карда, ҳавасмандгардонии меҳнати пахтакоронро омили муҳими рушди устувори соҳаи кишоварзӣ донист.
Пахтакорону роҳбарони хоҷагиҳо изҳор доштанд, ки бо истифода аз дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат минбаъд низ барои афзоиши истеҳсоли пахта ва беҳтар намудани сифати он кӯшиш хоҳанд кард.
Тавре ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маълумот доданд, то имрӯз дар вилоят 202592,2 тонна пахта чида шудааст, ки баробари 80 дарсади нақшаи солона мебошад. Дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон ва Данғара аз иҷрои нақша баромадаанд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”