Баргашт Чоп кардан

Ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД баргузор гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаҳо роҳбарону вакилони парлумонҳои давлатҳои аъзо масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025»
13-уми октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» баргузор гашт. Дар он беш аз 1000 намояндаи ширкатҳои бонуфузи IT, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони самти технологияҳои иттилоотӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Хабарнигори «Ҷумҳурият» аз рафти Форум иттилоъ додааст, ки дар чорабинӣ масъалаҳои муҳими марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории Форум муаррифии имконият ва зарфияти Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасониҳои молиявӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест – 2025»
«Иқтисоди сабз: имконияти имрӯз барои устувории фардо» – таҳти чунин унвон аз 14 то 16-уми октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест – 2025» баргузор мегардад», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи Форуми байналмилалӣ муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад. Форум, ҳамчунин, ба ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сармоягузори бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои ҳавасманд барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ширкати намояндаи Тоҷикистон дар Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ
Дар шаҳри Женева сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар бахши сатҳи баланди Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ: амният, инноватсия ва идоракунӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, Шараф Шерализода оид ба ташаббусҳои байналмилалӣ, сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ баромад намуд.
Тақвияти ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи авиатсия
13-уми октябр директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода бо сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл мулоқот дошт.
Аз Агентӣ ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкати истеҳсолкунандаи тайёраҳои «Airbus» ва ширкатҳои сармоягузории Фаронса барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ баррасӣ шуданд.
Иштироки сафири Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат, ки аз ҷониби Иттиҳодияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат (IUCN) дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зисти АМА дар шаҳри Абу-Забӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст, ки ҳадафи асосии ҳамоиш муайянсозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкорӣ барои таъмини рушди устувор дар даҳсолаҳои оянда мебошад.
Мулоқоти сафир бо вазири авқоф ва корҳои исломии Қатар
Дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири авқоф ва корҳои исломии Қатар Ғоним ибни Шоҳин ибни Ғоним ал-Ғоним баргузор гардид.
«Дар мулоқот густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баррасӣ шуда, ба табодули сафарҳои соҳа мувофиқа ҳосил гардид»,– омадааст дар хабари интишорнамудаи маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.