Тавре маълум робитаҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи шарикии боэътимод рушду инкишоф ёфта, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва таърихию фарҳангӣ такмил меёбанд. Иттиҳоди мазкур, пас аз пароканда шудани Иттиҳоди Шуравӣ, яке аз калонтарин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли муҳимтарин масъалаҳои дар марҳалаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишварҳо таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки ИДМ дар марҳалаи кунунӣ ҳамчун фароҳамовари фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв дар баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад. Дар давоми беш аз ду даҳсола робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳои ИДМ пайваста густариш ёфта, ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷӣ афзоиш ёфта истодааст. Масалан, гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия агар дар соли 2000-ум 363,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, бо амалӣ намудани қарордодҳои дуҷониба байни ин кишварҳо дар соли 2024 ин нишондиҳанда ба 1981,8 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2000-ум 5,5 маротиба зиёд мебошад. Тиҷорати хориҷӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон соли 2000-ум ба 88,1 миллион доллар баробар буд, ин рақам дар соли 2024 ба 1 миллиарду 293,2 миллион доллар расид, ки қиёс ба соли 2000-ум 14,7 баробар бештар мебошад. Ё ин ки агар тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 2000-ум 283,47 миллион долларро дар бар мегирифт, ин нишондиҳанда дар соли 2024-ум 303,1 миллион доллар зиёд гардидааст.
Кишварҳои ИДМ дар пасманзари муносибатҳои иқтисодӣ пойгоҳи мустаҳками ташкилию ҳуқуқиро бунёд намудаанд. Дар ин замина тибқи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, ки аз ҷониби кишварҳои узв таҳия шудааст, муайян кардани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи асосии ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ барои равандҳои ҳамгироӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолии кишварҳо афзалияти бештар дорад.
Сол ба сол дар доираи сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хориҷӣ байни кишварҳои ИДМ густариш ёфта, ҳаҷм ва ҳиссаи онҳо дар низоми иқтисодии кишварҳои ИДМ бамаротиб боло меравад. Масалан, агар дар соли 2000-ум ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии кишвари мо бо давлатҳои ИДМ 933,3 миллион доллар ё ин ки 64 дарсади гардиши умумии тиҷорати хориҷиро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024-ум ба 4112,1 миллион доллар ё 46 дарсади гардиши умумии тиҷорати хориҷӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 3178,8 миллион доллар бештар мебошад. Гарчанде ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ нисбат ба солҳои қаблӣ пасттар бошад ҳам, вале аз рӯйи ҳаҷми умумии гардиши тиҷоратӣ афзоиш ёфта истодааст.
Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои ИДМ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи намоён дошта, густариши робитаҳои иқтисодӣ дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ташаккул меёбанд. Бо ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои ИДМ ҳиссаи онҳо дар гардиши тиҷорати хориҷӣ мунтазам меафзояд.
Ҳамин тавр, пайваста густариш ёфтани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои ИДМ дар доираи иқтидор ва зарфиятҳои ҷойдошта ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ заминаи мусоид гузошта метавонад. Дар баробари ин, мавриди таҳдиду хатарҳои замони муосир ва канда шудани робитаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои ҷаҳон, истифодаи самаранокии зарфиятҳои табиӣ ва такмил додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои ИДМ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Ҷамшед СОЛИҲОВ,
муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон