Баргашт Чоп кардан

ДОНИШМАНДИ ФАРОХНАЗАР


Вақте аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) эълон гардид, дар қатори донишмандони ин соҳаҳои илм Абдулҳай Комилӣ ба ёд омад.
Абдулҳай Комилӣ донишманди пуркор, заҳматдӯст ва муҳаққиқи гуногунсоҳа буда, дар улуми табиӣ ва ҷомеашиносӣ низ корҳои назаррасро иҷро кардааст.
Се сол қабл бо даъвати ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Сайфиддин Давлатзода дар конференсияе, ки ба ҳаёт ва осори олими бузурги ҷаҳонии тоҷику форс Абубакр Закариёи Розӣ бахшида шуда буд, иштирок доштам. Аз ҷумлаи ташкилотчиён ва мутасаддиёни чопи маводи конференсия профессор Абдулҳай Комилӣ буд. Ӯ ҳамчун мутахассиси намоёни таърихи илм, хосатан улуми табиӣ, на танҳо дар баргузории чорабиниҳои илмӣ, балки, пеш аз ҳама, ҳамчун олими риёзидон ва донандаи хуби таърихи он дар ҷумҳурӣ машҳур аст.
Абулҳай Комилӣ шахси хирадпеша аст; аз мероси бузургони мо хуб огаҳӣ дорад; донандаи ҳикмату маърифати Фирдавсиву Хайёму Форобиву Розиву Буалӣ Синову Абурайҳони Берунӣ аст. Ӯ абёти зерини Фирдавсиро шиори худ қарор додааст:
Хирад беҳтар аз ҳарчӣ Эзид-т дод,
Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

Омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, тадқиқоти ҷолиб дар таърихи илм ва фалсафа, пажӯҳиши нуктаҳои хеле нозуки илми адаб ва рӯзгори адибону ҳакимон, шавқи беандозаи омӯзгорӣ ва тарбия, олами пурназокату мухайяли каломи мавзун, маҳорати рӯзноманигорӣ, тадқиқот дар соҳаи шоҳмот низ паҳлуҳои истеъдоди Абулҳай Комилиро инъикос мекунанд.
Нақши волидон дар тарбияи донишманд назаррас будааст. Падари мавсуф, дилбохтаи шеър будаанд. Шарифхоҷаи Комилӣ наздики чил соли умри хешро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намудаанд ва андар ташаккули донишу одоби фарзандони хеш, махсусан Абдулҳай, саҳми арзандае гузоштаанд.
Абдулҳай Комилиро имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Германия, Белгия, Англия, Австрия, Олмон, ИМА, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба сифати олими пурмаҳсул мешиносанд. Асарҳои дар Москва чопшудаи ӯ “Физика ар-Рази и Ибн Сины” (1999), “Эквивалентные формулы определения скорости света” (1999), “Особенности расширения релятивистского электронного пучка в мощных СВЧ приборах” (2000), “Воспитание молодёжи в литературной памяти таджикского народа” (2006) , китобҳои “Физика Абу Бакра ар-Рази” ва “Физика Авиценны”-и ӯ, ки солҳои охир дар намоиши байналмилалии китобҳо дар Москва, Минск, Франкфурти лаби Майн, Пекин, Деҳлии Нав, Истанбул ба намоиш гузошта шудаанд, гувоҳи эътирофи олим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин, ҷои ёдоварист, ки китоби “Физика Авиценны”-и ӯ дар ИМА ва Ҷумҳурии Қирғизистон чоп шуда, китоби “Осори ситорашиносии Абуалии Сино” дар Ӯзбекистон ба нашр расидаанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки ӯ на танҳо худро ҳамчун донишманд муаррифӣ кардааст, балки муаррифгари осори ниёгони тоҷикон шинохта мешавад.
Абдулҳай Комилӣ Абубакри Розӣ ва Абуалии Синоро барои ҷаҳониён ҳамчун физикдонҳои бузург муаррифӣ намуда, собит кардааст, ки чандин кашфиёту ихтирооти аврупоиён дар асоси дастовардҳои Абубакри Розӣ ва Абуалии Сино амалӣ гаштаанд.
Асарҳои номбаршуда ва чанд асари дигари Абдулҳай Комилӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ дар таърихи илми тоҷик аз қабили “Физика Авиценны”, "Ибн Сино и его трактат", «Рассуждения о причинах грома»”, “Ибни Сино дар ойинаи муҳаққиқон”, “О физическом наследии Ибн Сины (Авиценны)”, “О математическом наследии Ибн Сины (Авиценны)”, “Из истории физики Средней Азии в IX-XIII вв.”, “Илм дар замони Рӯдакӣ” (бо ҳаммуаллифии академик Мамадшо Илолов), ки чандеашон бо ҳаммуаллифии олимони шинохтаи тоҷик навишта шудаанд, меҳру ихлоси беандозаи ин марди сарсупурдаи донишро ба арзишҳои маънавии миллии мо, ситораҳои дурахшони илми ҷаҳонӣ, ки ҳаммиллату ҳамзабони мо буданд, нишон медиҳад ва саҳми ӯро дар муаррифии ҷойгоҳи илму олимони тоҷик дар рушди ҷаҳонии илму дониш таъкид менамояд.
Дар маҷмуъ, Абдулҳай Комилӣ беш аз 64 монография, ҷузва (брошюра) ва китобҳои ҳаммуаллифӣ, 600 мақолаву гузоришот ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ дар дохилу хориҷи кишвар интишор намудааст, ки гувоҳи заҳматдӯстии ин олими пуркор мебошад.
Яке аз хислатҳои наҷиби Абдулҳай Комилӣ хайрхоҳӣ ва мададгории ӯ ба дӯстону шогирдонаш аст. Бо раҳбарии бевоситаи профессор Комилӣ 28 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд, яъне дар маҷмуъ ӯ бештар аз 30 нафар унвонҷӯйҳо, аспирантҳо ва докторантҳои дохиливу хориҷиро ба шоҳроҳи илми бузург ҳидоят намудааст.
Сиришти нек ва тинати пок, хайрхоҳӣ ва инсондӯстӣ, садоқат ва пойдорӣ ба арзишҳои зиндагӣ сабабгор шудаанд, ки Абдулҳай Комилӣ дар муҳити илму адаб ва хираду андеша ҷойгоҳи ҳақиқии худро пайдо кунад, мактаби илмии хешро ба вуҷуд оварад ва соҳиби ҷоизаву унвонҳои баланди сершумор гардад. Ӯ ба медали Хизмати шоиста ва унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гаштааст. Ҳамчунин, сазовори унвони академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва унвони ифтихории “Ном дар илм (The Name in Science)” аз тарафи Созмони байналмилалии “Кумитаи Суқрат”, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори ифтихории якчанд донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ, унвони “Олими сол” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва “Олими сол” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали “Ба номи Лука Поччоли”, медали “Ҳамбастагӣ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, медали “Ба номи Аббос Алиев” ва ғайра гаштааст.
Айни замон Абдулҳай Комилӣ дар вазифаи пуршарафи омӯзгор ва директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хидмати шоиста мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвари азизамон ӯ ҳамчун як олими ватандӯст дастурҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти илми тоҷик фидокорона заҳмат мекашад.

Кароматулло ОЛИМОВ, академики АМИТ