Баргашт Чоп кардан

АШТ – ҒОЛИБИ 20-РӮЗАИ ДУЮМ ДАР СУҒД


Ҳамасола ҷиҳати зуд ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта миёни 6 ноҳияи пахтакори вилояти Суғд аз ҷониби Иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзии вилоят мусобиқа ташкил гардида, дар ҳар бист рӯз ҷараёни ҳосилғундорӣ ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофоти пулӣ ва ифтихорномаҳою туҳфаҳо супурда мешавад.
Дар ҷамъбасти бистрӯзаи дуюм деҳқонони ноҳияи Ашт бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ва ҳавои мусоид тавонистанд нисбат ба дурнамо зиёдтар ҳосил ҷамъоворӣ кунанд. Тавре Бахтиёр Усмонов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, иттилоъ дод, хирмани оростаи аштиҳо дар 20-рӯзаи дуюми ҳосилғундорӣ қариб панҷ ҳазор тонна ва аз аввали мавсим 8 ҳазору 485 тоннаро ташкил дод, ки иҷрои нақша ба 61,3 дарсад баробар мебошад. Аз 1 ҳазору 112 хоҷагии деҳқонӣ, 500 хоҷагӣ нақшаи пахтасупориро барзиёд иҷро карда, ҳосилнокиро аз 25 то 30 сентнер расонданд. Пахтакорони Ҷамоати деҳоти Ашт миёни дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аввалин шуда дурнамои нақшаро бо ҷамъоварии наздик 1000 тонна барзиёд таъмин карданд.
– Тамоми тараддуди деҳқонон ба он равона шудааст, ки ноҳия бо ҷамъоварӣ кардани 13 ҳазору 850 тонна “тиллои сафед” нақшаро ҳамин моҳ иҷро намояд, – мегӯяд Шуҳрат Муҳаммадҷонов, раиси ноҳия. – Барои ин ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар маросими натиҷагирӣ аз бист рӯзи ҷамбасти мусобиқа диловарони саҳрои ноҳияи Аштро табрик гуфта, парчами ғолибият ва 17 ҳазор сомониро супурд.
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойи дуюм ва мукофоти пулӣ ба миқдори 8,5 ҳазор сомонӣ шуданд. Миёни ҷамоатҳои деҳоти вилоят Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ғолиб дониста шуда, бо 4,5 ҳазор сомонӣ қадр гашт.
Ҷамъоварии ҳосили пахта дар навоҳии Мастчоҳ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов ҷараён дорад. Бо истифода аз ҳавои мусоид ва ҳавасмандиҳо умед аст, ки нақшаи вилоят, ки 131 ҳазору 300 тонна мебошад, таъмин мегардад.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”