Мир24. Дар Шарм-уш-Шайхи Миср нишасте барои хатми ҷанг дар навори Ғазза баргузор шуд. Дар он роҳбарони зиёда аз 20 мамлакат иштирок доштанд.
Сарварони Миср, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қатар ва Туркия созишномаи хотима додан ба амалиёти ҷангиро имзо карданд. Президенти ИМА Доналд Трамп созиши сулҳи Ғаззаро бузургтарин ва мураккабтарин номид. Президенти ИМА зикр кард, ки бо созишномаи таърихӣ дуои миллионҳо нафар ниҳоят иҷобат шуд.
"Мо якҷоя ба чизи ғайриимкон ноил шудем: дар ниҳоят мо дар Ховари Миёна сулҳ овардем", – гуфт Президент. Трамп таъкид кард, ки ҷанг дар Ғазза баъди солҳои ранҷ ва хунрезӣ поён ёфт. Ӯ афзуд, ки рӯзҳои зебо дар пешанд ва бозсозӣ оғоз мешавад.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат «Рӯйхати сурх»-и намуди ҳайвонҳоеро, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, нав кард
Мир 24. Ба «Рӯйхати сурх» 48646 ҳайвон дохил шуд. Таҳқиқот нишон дод, ки саршумори 61 дарсад намуди парандагон коҳиш меёбад. Дар соли 2016 ин нишондод 44 дарсад буд. Ҳайвоноте, ки дар Амрикои Марказӣ, Африқои Ғарбӣ ва Мадагаскар зиндагӣ мекунанд, бештар дар зери хатар қарор доранд. Сабаби ин, аз даст додани муҳити зист, буридани ҷангалҳо ва васеъшавии кишоварзӣ мебошад.
Се намуди тюлени арктикӣ низ зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дорад. Ин ҳайвонҳо аз шикор, киштиронӣ, истихроҷи нафту канданиҳои фоиданок ва дигар омилҳои манфӣ азоб мекашанд. Аммо бузургтарин таҳдид ба онҳо тағйирёбии иқлим аст.
Си Ҷинпин барои тезондани раванди рушди ҳамаҷонибаи занон пешниҳодҳо ба миён гузошт
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи душанбе чаҳор пешниҳодро барои суръат бахшидан ба рушди ҳамаҷонибаи занон ба миён гузошт.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити ҷаҳонии занон дар Пекин, Си Ҷинпин гуфт, ки пешниҳодҳо барои ноил шудан ба тавофуқи васеъ, боз кардани роҳҳои васеътар ва андешидани тадбирҳои амалӣ дар ин самт ироа шудаанд, зеро рушди ҳамаҷонибаи занон ҳанӯз бо мушкилоти печидае рӯ ба рӯ аст. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба талошҳои муштарак ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди занон даъват кард.
Дарозумртарин мор дар ҷаҳон аз худ насл боқӣ гузошт
Мир 24. Донишмандон як ҳодисаи ғайриодиеро, ки дар боғи ҳайвоноти Сент-Луиси Миссурии ИМА рух додааст, тавсиф карданд.
Дар ин ҷо як шоҳпитон нигоҳ дошта мешавад ва куҳантарин мор ба шумор меравад, ки дар боғи ҳайвонот зиндагӣ мекунад. Синни ин мор аз 60 гузашта аст. Аҷиб ин, ки шоҳпитон дар 61-солагӣ аз худ насл гузошт.
Ҷойи зисти шоҳпитон Африқои Марказӣ ва Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (CA). Портали иттилоотии Ynet хабар медиҳад, ки ҷунбиши фаластинии ҲАМОС 20 гаравгони боқимондаро дар доираи созиши сулҳ ба Исроил супурд. Онҳо субҳи 13-уми октябр тавассути намояндагони Салиби Сурх дар ду марҳала ба ҷониби Исроил супурда шуданд: аввал, ҳафт ва баъдан 13 нафар.
Мир24. Ба гуфтаи директори раёсати ҳифзи шаҳрвандӣ Лаура Веласкес, дар Мексика бар асари обхезӣ ва ярч ҳафтаи гузашта 64 нафар ба ҳалокат расида, 65 нафари дигар то ҳол бедарак аст.
Lenta.ru. Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан баъд аз нишасте, ки дар Миср оид ба хотима бахшидани ҷанг дар навори Ғазза баргузор гашт, дар бораи авзои Аврупо изҳорот дода, аз ҷумла гуфт: "Муваффақияти Президент Трамп собит мекунад, ки аз музокирот ҳеҷ гоҳ набояд даст кашид. Бе музокира сулҳ вуҷуд надорад. Вақти он расидааст, ки мо, аврупоиҳо, ба намунаи Президент Трамп пайравӣ намоем!"