Дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои 8-рӯзаи бозомӯзӣ барои мураббиёни соҳаи волейбол доир гашт. Курси омӯзиширо мутахассиси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Фаттоҳӣ гузаронд.
Тадбири мазкур аз ҷониби Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи волейболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии волейбол роҳандозӣ гардида, дар он ҳудуди 50 нафар доварон, мураббиёну варзишгарони волейбол аз тамоми қаламрави мамлакат ширкат доштанд.
Курси омӯзишӣ, дар баробари машғулиятҳои назариявӣ, тарзу усулҳои муосири ин бозии шавқовар – моҳирона идора кардани тӯб, иҷрои машқҳо ва барқарорсозии ҳолати ҷисмонӣ, мастер-классҳоро фаро гирифт.
Дар анҷом ба ҳама иштирокдорон шаҳодатномаи хатм супурда шуд.
Қабл аз ин Марказ тренингҳои омӯзиширо доир ба фармокология, травматология ва барқароршавӣ доир кард, ки дар он беш аз 200 нафар мутахассис, аз ҷумла мураббиён, омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои олии таълимӣ, варзишгарон, кормандони масъули соҳаи тибби варзишӣ фаъолона иштирок карданд. Ин тадбири омӯзишӣ низ бо ширкати фармокологи маъруфи Россия Юрий Кириллов фоидаовару ҷолиб баргузор шуда буд.
Мирзосафар ШАМСИДДИНОВ,
роҳбари дафтари матбуоти Маркази такмили ихтисоси кормандони
соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш